Ҷамила Маҳмудӣ: Казофӣ зиндааст ва бо лашкараш ба Либиё бармегардад
Ҷамила Маҳмудӣ, як тан аз занони муҳофизи Муаммар Қаззофӣ, раиси ҷумҳури собиқи Либиё ба расонаҳо гуфтааст, фарде, ки аз ҷониби тазоҳуротгарони либиёӣ кушта шуд, Муаммар Қаззофӣ набуда, танҳо ба ӯ шабоҳат дошт.
"Ал-Олам" аз қавли Маҳмудӣ навиштааст, Муаммар Қаззофӣ ҳанӯз зинда аст: “Қаззофӣ, ки дар махфигоҳи худ мавриди ҳамла қарор гирифт, пеш аз расидани афроди мусаллаҳ тавассути НАТО ба макони номаълум мунтақил шуд”. Ӯ дар идома гуфтааст, "мо мутмаин ҳастем, Қаззофӣ зиндаасту бо лашкари бузург ба кумаки мо хоҳад омад ва бори дигар парчами сабзро дар Либиё бар хоҳад афрошт”.
Чанде пеш, бархе расонаҳо ба нақл аз коршиносони рус ҳам навиштанд, фарде ки ба дасти силоҳбадастон кушта шуд, Қаззофӣ набудааст. Ба гуфтаи коршиносон рус, Қаззофиро як рӯзи боронӣ нерӯҳои НАТО дастгир кардаанд. Дар наворе, ки гуё Қаззофиро силоҳбадастон мекушанд, ҳавои боронӣ нест. Коршиносони рус мушахассоти умдаеро зикр кардаанд, ки фарди кушташуда Қаззофӣ набуда, балки шабеҳи ӯ мебошад. Ба гуфтаи онҳо мӯйи сари Қаззофӣ сиёҳ буд, аммо ранги мӯйи сари фарде ки кушта шуд, зард аст. Онҳо гуфтаанд, фарди кушташуда Ҳамид ном доштааст.
Ин гуфтугузор дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ҷасади Муаммар Қаззофӣ ба таври мармуз дар кадом як дашти Либиё ба хок супурда шуд. Инчунин муаммои марги ӯ ҳанӯз барои мардуми Либиё ва ҷаҳон як сир боқӣ мондааст.
Ин хабарҳо ҳам дар ҳолест, ки имрӯз, 23 октябр мардуми Либиё аз Рӯзи зафар ва раҳойӣ аз суқути режими Муаммар Қазофиро таҷлил мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |