Тасвиби санади боздошти 13 ҷонибдори “Гуруҳи 24”
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар робита ба фаъолияти созмони мамнуъшудаи “Гуруҳи 24” санади боздошти 13 узви ин гуруҳ ба тасвиб расидааст, ки 5 нафарашон дар хориҷи кишвар қарор доранд.
Ба иттилои манбаъ миёни боздоштшудагон дар Тоҷикистон аз ҷумла ду ноболиғи таблиғгар ва 6 ҳамкори “Гуруҳи 24” қарор доранд: “Омӯзиши маводи аудио, видео ва дигар асноди марбут ба фаъолияти “Гуруҳи 24” нишон дод, ки 5 нафари дигар, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, бо ин созмони ифротӣ ҳамкории зич доранд ва феълан маъмурини пулис санади боздошти онҳоро дар ихтиёр доранд.”
Мақомоти тоҷик аз ифшои номи афроди боздоштшуда худдорӣ карда, таъкид мекунанд, ки он метавонад барои раванди боздошти ҷонибдорони дигари гуруҳ халал ворид созад.
Тоҷикистон қаблан барои ҳабс ва истирдоди ду раҳбари “Гуруҳи 24” Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев аснод пешниҳод намуда, онҳоро дар баробари ифротгароӣ дар содир намудани ҷиноятҳои иқтисодӣ муттаҳам карда буд. Аммо Додгоҳи Дубай аз истирдоди Қувватов ва Испания аз истирдоди Гадоев худдорӣ карданд.
Дар ҳамин ҳол Додгоҳи Олии Тоҷикистон пеш аз зуҳри 9 октябр даъвои Додситонии куллро алайҳи “Гуруҳи 24” қонеъ карда, онро гуруҳи экстремистӣ эълон намуд. Саломат Ҳакимова, додраси Додгоҳи олӣ зимни қироати ҳалнома гуфт, парванда дар ҳузури намояндагони Хадамоти алоқа, додситонӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ баррасӣ шуда, фаъолияти "Гуруҳи 24" бо далели зидди сохти конститутсионӣ ва амнияти миллӣ буданаш, дар Тоҷикистон манъ карда шавад. Тибқи ин ҳалнома паҳн ва нашри ҳар гуна матолиби чопию аудиовизуалии марбут ба "Гуруҳи 24" мамнуъ эълон гардид.
Дар пайи ин қарори додгоҳ Додситонии генералии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия гуфт, афроде ки дар пайи экстремистӣ эълон шудани “Гуруҳи 24” аз узвият дар ин созмон даст мекашанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мешаванд. Додситонӣ бо такя ба моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мегӯяд, сар аз 9 октябр, иштирок дар фаъолияти “Гуруҳи 24” ҷиноят ҳисоб мешавад ва эзоҳ додааст, агар аъзои гуруҳ баъди қабули ҳалномаи додгоҳ ихтиёран аз узвият даст кашанд, ба ҷавобгарӣ кашида нахоҳанд шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |