Варзишгари қазоқ то Макка давид, то ҳаҷ кунад
Давлат Имангали, варзишгари қазоқ то шащри Маккаи Арабистон давида, баъди анҷоми маросими ҳаҷ ба воситаи тайёра ба зодгощаш - Атирау баргаштааст.
“Постсовет.ру” менависад, Давлат қариб ҳамаи ҷараёни ин сафари худро дар телефони мобилияш сабт кардааст. Чанд маротиба телефони худро гум карда, дубора пайдо кардааст. Як бор онро дар биёбонҳои Актау гум мекунад ва баъди панҷ соат онро меёбад. “Дар Озарбойҷону Эрон ва ҳатто дар Макка, ки миллионҳо одам барои адои ҳаҷ меоянд, телефони гумшудаамро ба ман бармегардонданд”,- гуфтааст Имангали.
Ӯ афзудааст, “чун мардуми кишварҳои дигар донистанд,ки ман аз куҷоям, ангушти бузурги худро бардошта, меҳрубонона ба китфҳоям тап-тап мезаданд ва мегуфтанд : “Қазоқистон! Қазоқистон!” Ман ростӣ аз ин хеле ифтихор мекардам”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |