"Эвакуатсия"-и сафири Амрико бо "БТР"-и русӣ аз Душанбе

Сергей Миненков, генерал майори бознишастаи артиши Русия дар пасманзари бадшавии муносибот бо Амрико изҳор доштааст, маҳз гуруҳи ӯ расо 22 сол пеш-24-уми октябри соли 1992 нахустин сафири ИМА ва ҳудуди 25 корманди дигари сафорати Амрико дар Душанберо наҷот додааст.
Миненков дар суҳбат бо сомонаи “Звезда” нақл кардааст, ки моҳи октябри соли 1992 дар авҷи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон талоши дигари табаддулоти давлатӣ сурат гирифт: “Душанбе он замон дар дасти воҳҳобиҳо ё худ вовчикҳо қарор дошт. Ҷанг байни онҳо ва юрчикҳо ҷонибдорони давлати дунявӣ буд. Раҳбари юрчикҳо дузди қонунӣ Сангак Сафаров, аз ҳаводорони ашаддии Юрий Андропов, собиқ раҳбари КГБ буд, ки баъди Леонид Брежнев раҳбари СССР шуда буд.”
Генерал Миненков изҳор доштааст, ки он замон вақт дар Тоҷикистон хуш (Время было веселое) буд: “Афсарон моҳҳо маош намегирифтанд. Вовчику юрчикҳо якдигарро мекуштанд, ҳудуди 60 ҳазор кушта ва миллион гуреза буданд. Аммо сӯи низомиёни дивизияи 201-ум камтар тир холӣ мекарданд, зеро медонистанд, ки ҷавоби сахт хоҳем дод.”
Генерали рус зикр кардааст, ки он замон фармондеҳии ротаи ҷосусӣ-десантии дивизияи 201-умро ба уҳда доштааст ва моҳи октябри соли 1992 талоши дигари табаддулот сурат гирифт: “Субҳи барвақт ҷангиёни фронти халқӣ таҳти роҳбарии Сафаралӣ Кенҷаев ба Душанбе зада даромаданд. Фармондеҳи дивизия Муҳриддин Ашӯров ман ва фармондеҳи баталион Ҳасаншо Баксановро даъват карда, вазифа гузошт, ки бо дархости Департаменти давлатии Амрико аз Кремл мо бояд ҳайати сафорати ин кишварро дар Душанбе наҷот диҳем. Бояд дипломатҳоро аз меҳмонхонаи “Октябр”, феълан Авесто, ки дафтари сафорат дар он ҷо қарор дошту дар миёни ҷанг қарор гирифта буд, ба фурудгоҳ мебурдем. Ман гуфтам, ки бо ротаи худ аз уҳдаи иҷрои ин супориш мебароям ва худам савори зиреҳпӯши аввал ва ду зиреҳпӯши дигар аз ақиб ба самти меҳмонхона равон шудем.”
Миненков дар идома афзудааст, ки он рӯз савори зиреҳпӯшон мо аз байни ҷасадҳои қади роҳ партофта мегузаштем, ки дар чорроҳаи назди фурушгоҳи марказӣ, “ЦУМ” ҳадафи тирпаронӣ аз грантамёт қарор гирифтем: “Ду зиреҳпӯш гузаштанд, аммо сеюм зери борони тир монд. Мо низ гашта, ба ҳамлагарон посух додем ва онҳое, ки зинда монда буданд, фирор намуданд. Аз мо танҳо як сарбоз аз дасташ ҷароҳат бардошт.”
Генерали рус илова намудааст, ки он замон 25 корманди сафоратро аз миёни ҷанг берун бурдаанд, ки нисфашонро муҳофизон ташкил медоданд ва дар як ҳолати тарс қарор доштанд: “Пеш аз ҳама ба зиреҳпӯш сафир савор шуд, ки бо вуҷуди 20 градус гармӣ дар сар кулоҳи пашмин дошт. Онҳоро ба фурудгоҳи Душанбе бурдем ва он ҷо ҳавопаймои С-130, «Геркулес» бо гуруҳи таъиноти махсуси амрикоӣ фуруд омад. Мо аз сарбозони амрикоӣ тамоку гирифтем, ки он замон дар мо кам буд. С-130 сафир ва дигар кормандони сафоратро гирифта, парвоз кард.”
Миненков изҳор доштааст, ки баъди 10 сол аз ин ҳодиса, замоне, ки муовини фармондеҳи дивизияи 201 дар Тоҷикистон буд, ӯро ба сафорат даъват намуда, барои наҷоти дипломатҳои амрикоӣ ташаккур гуфтаанд ва он амалиётро мисоли хуби ҳамкорӣ ва дӯстии ду давлат хондаанд.
Нахустин сафири Амрико дар Душанбе Стенли Т. Эскудеро буд, ки аз апрели соли 1992 то марти 1993 ба ҳайси намояндаи фавқлодда ва аз марти 1993 то июни 1995 ба ҳайси сафири фавқулодда ва мухтор кор кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |