Истеъфои асроромези Ахметов баъд аз 6 моҳи фаъолият
Серик Ахметов, вазири дифои Қазоқистон аз симати худ истеъфо додааст. Ба иттилои расонаи “Капитал”, ба ҷои Ахметов Имангали Тасмагамбетов, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ таъйин шудааст.
Серик Ахметов ҳанӯз моҳи апрели соли ҷорӣ ба ин мақом таъйин шуда буд. Ӯ аз моҳи сентябри соли 2012 то апрели 2014 симати сарвазирии кишварашро бардӯш дошт.
Ахметов 66 сол дошта, зодаи вилояти Қарағандии Қазоқистон мебошад. Ӯ дар гузашта дар симатҳои шаҳрдорӣ, вазири нақлиёт ва коммуникатсия, муовини сарвазирии Қазоқистон ифои вазифа кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |