Даъвати Убайдуллоев барои авфи муҳоҷирон ва дурӣ аз ифротгароён

Баҳси авфи муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик, яке аз масоили барномаи сафари Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ба Русия аст, ки феълан идома дорад.
Интизор меравад, ки ин масаъала дар мулоқоти Убайдуллоев бо ҳайати парлумонии Русия таҳти роҳбарии Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федералӣ баррасӣ шавад. Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон теъдоди муҳоҷирони мамнуъулвуруди тоҷик дар Русия беш аз 200 ҳазор нафарро ташкил дода, эҳтимол дорад, ояндаи наздик то ба 300 ҳазор нафар расад. Мақомоти тоҷик таъкид мекунанд, ки аксари муҳоҷирони тоҷик барои қоидавайронкуниҳои ночизи маъмурӣ хориҷ шудаанд.
Людмила Бокова, ноиби раиси Кумитаи қонунгузории конститутсионии палатаи болоии парлумони Русия дар ин робита ба расонаҳои русӣ гуфтааст, масъалаи авф омӯзиши дақиқ мехоҳад. Ӯ таъйид намудааст, ки бисёри муҳоҷирони тоҷик аз ноогоҳӣ ва бо мусоидати корфармоён дар ҳолати ғайриқонунӣ қарор мегиранд ва аксаран барои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ хориҷ шудаанд. Бокова таъкид намудааст, ки масъалаи авфи чунин муҳоҷирон бояд тавре роҳандозӣ шавад, ки барои ҷинояткорони воқеии ихроҷшуда роҳ накушояд.
Дар ҳамин ҳол Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Маскав зимни мулоқот бо намояндагони ҷамъияти тоҷикон хостори риоя шудани қоидаҳои будубош дар Русия шудааст. Ӯ аз номи президент барои саҳм дар рушди Тоҷикистон ба муҳоҷирон ташаккур гуфта, даъват кардааст, ки ба ҳар гуна даъватҳои ифротии гуруҳҳои экстремистӣ дода нашаванд.
Дар назар аст, ки Убайдуллоев инчунин бо Валентина Матвиенко - раиси Шӯрои федералии Русия, Сергей Наришкин - раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия, Игор Шувалов - муовини аввали раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, Сергей Собянин - мири шаҳри Маскав ва Андрей Воробёв - губернатори вилояти Маскав мулоқот кунад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |