“Хатар”-и сериалҳои туркӣ ва “ҷуръат”-и синамои тоҷик. Чаҳор дидгоҳ
Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО
Душанбе бори шашум мизбони синомобазми байналмилалии “Дидор” буд. Дар ин ҷашнвора филмҳои истеҳсоли кишварҳои Осиёи Марказиву Қафқоз ва Эрону Афғонистон ба намоиш гузошта шуд. Дар пасманзари намоиши филмҳо дар ин синамобазм аз мунаққидони синамои тоҷик пурсидем, кинои тоҷик тавони рақобат бо сериалҳои туркиро дорад? Бархеҳо ба ин нукта ишора карданд, ки рақобат бо сериалҳои туркӣ кори содае нест ва танҳо дар сурате имконпазир мегардад, ки синамои миллӣ аз сӯйи ҳукумат дастгирии молӣ биёбад.
Мунаққидони синамо таъкид мекунанд, барои муқобила бо сериалҳои туркӣ ва ҳифзи ҷойгоҳи синамои тоҷик бояд аз таҷрибаи кишварҳои аврупоӣ, ба вижа Фаронса кор гирифт. Сафар Ҳақдод, раиси синамогарони Тоҷикистон мегӯяд, барои кам кардани таъсири сериалҳои туркӣ ва боло бурдани ҷойгоҳи синамои миллӣ роҳҳои зиёде мавҷуд аст. “Ман намегӯям сериалҳои туркӣ манъ шавад, аммо имконот ва авлавиятҳое барои синамои тоҷик додан лозим аст. Чӣ тавре ки дар Фаронса аст. Масалан, 60 дарсади вақт-фазое, ки расонаҳо филм пахш мекунанд, ба синамои миллии Фаронса дода мешавад. Танҳо 40 дарсади вақт бо пардохти молиёти зиёд ба ихтиёри филмҳои хориҷӣ гузошта мешавад. Бо ин васила онҳо синамои милли худашонро дастгирӣ мекунанд. Ин усул метавонад яке аз роҳҳои ҳифзи ҷойгоҳи синамои тоҷик ҳам бошад”,-мегӯяд ӯ.
Ба қавли Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи театр синамои тоҷик нав ҷуръат пайдо карда ва ҳоло тавони рақобат бо сериалҳои туркиро надорад: “Киноро намешавад бо 200 доллар сохт. Кино ҳамчун Голиввуд индустрияи хеле калон аст. Барои ин операторон, гримёрҳо ва ғайра зарур аст, аммо мо ҳич кас надорем. Мо ҳозир дар замини холӣ филм таҳия мекунем. Синамои моро намешавад бо филмҳои туркӣ муқоиса кард”.
Ин коргардони тоҷик дар идома гуфт, сериалҳои туркӣ фазои синамои моро пахш намекунад, зеро пеш аз сериалҳои туркӣ, сериалҳои бразилӣ, амрикои лотин буданд, ки натавонистанд ин фазоро “муҳосира” кунанд.
Саъдулло Раҳимов, директори синамобазми “Дидор” таваҷҷӯҳи мардум ба сериалҳои туркиро аз маърифтаи пасти филмбинии онҳо вобаста медонад. Ба бовари ӯ тамошобини тоҷик маърифати баланди интихоби филмбинӣ надорад ва аз ин рӯ сериалҳои туркӣ дар интихоботи тамошобинон таъсир гузоштааст: “Дар ҳоли ҳозир филмҳои риқатовари туркӣ бозори филми Тоҷикистонро гирифтааст. Ин нишондиҳандаи он аст, ки тамошобинони мо маърифати баланди филмбинӣ надорад. Томошобинони мо ғайр аз филмҳои ҳиндиву туркӣ дигар чизеро надидаанд. Бояд маърифати худи тамошобин баланд шавад. Тамошобин фаҳмад, ки синамо метавонад зиндагии моро мисли оина инъикос бикунад”.
Сериалҳои туркӣ танҳо бозори синамои тоҷикро зери таъсир қарор надодааст. Имрӯз дар Афғонистон низ сериалҳои зиёди туркӣ ба намоиш гузошта мешавад ва бештари расонаҳои Афғонистон барои намоиши сериалҳо туркӣ вақт ҷудо кардаанд. Бояд гуфт, тарҷумаи форсии сериалҳои туркӣ низ имрӯз дар бозори филмфурӯшии мо вуҷуд дорад ва тамошобинон аз ин тариқ ба сериалҳои туркӣ дастрасӣ пайдо кардаанд. Сиддиқ Бармак, коргардони маъруфи афғонистонӣ, ки ба манзури ширкат дар синамобазми “Дидор” ба Тоҷикистон омадааст, муътақид аст, бо дастгирӣ ва кумаки давлатҳо мешавад дар муқобили сериалҳои туркӣ рақобат кард. Ӯ меафзояд, “ин нукта ниёз ба ин дорад, чӣ қадар ҳукуматҳо тавони ҳимоят аз синамо ва синамогаронро доранд. Ман мутмаъинам, имрӯз дар Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон достоннависҳову романнависҳое вуҷуд доранд, ки метавон аз рӯйи осори онҳо сериалҳои бисёр хуб сохта шавад. Ман ба ин бовар ҳастам, ки дар ин кор ҳимояти давлатҳо бисёр муҳим аст. Бахусус мо агар битавонем дар арсаи омӯзиши синамогарони ҷавон заминаҳои хубро дар Тоҷикисону Афғонистон фароҳам бикунем, ҳамон қисме ки дар Эрон ҳаст, мутмаин бошед, ба зудӣ ҷавонҳое пайдо мешаванд, ки дар се ё чаҳор соли дигар сериалҳои бисёр хуб биофаринанд”.
Ин коргардони афғонистонӣ таъкид мекунад, сериалҳои туркӣ дар бозори синамои мо бояд бошад, то аз ин роҳ рақобат ба вуҷуд ояд. Ба бовар ӯ “ин рақобат боис мешавад мо филм ва сериалҳои хуб бисозем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |