Бахшҳо
14 май 2011 07:08Гузориш

САҲА – шарики Тоҷикистон

Вазъияти бехатарии як кишвар бо вазъияти бехатарии дигар кишварҳо вобастагии ногусастанӣ дорад. Танҳо тавассути гузаронидани ҳамкории муштарак, ки ба беҳтар гардонидани вазъияти бехатарии ҳамаи ҷонибҳо нигаронида шудааст, мо метавонем ба сулҳу суботи пойдор бирасем. Ҷойгиршавии ҷуғрофии Тоҷикистон

, аз он ҷумла сарҳади тӯлкашидаи кишвар бо Афғонистон чолиш ба бехатарӣ аст. Вале, Тоҷикистон бо ин чолиш танҳо намондааст: ҳамчун кишвар-аъзои САҲА, ӯ дорои 55 шарик аст, ки ҳамроҳи ӯ бо ин чолиш рӯбарӯ ҳастанд, аз он ҷумла кишвари ман – Литва низ, ки соли 2011 Раисии САҲА-ро ба ӯҳда гирифтааст, дар қатори ин шарикҳост.

Сарҳадҳои бехатар ва хуб идорашаванда барои бехатарии минтақавӣ аҳамияти бисёр муҳим доранд. Аз ин сабаб, САҲА кӯшиш ба харҷ дода истодааст, то сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистонро таҳкиму тақвият бахшад. Бо ин мақсад, Дафтари САҲА дар Тоҷикистон якчанд лоиҳаҳоро татбиқ карда истодааст, ки яктои он ба таълими хизматчиёни қӯшунҳои сарҳадии кишвар дар ташхис намудани ҳаракати ғайриқонунӣ тавассути сарҳад бо Афғонистон, ва дигари он ба мусоидат намудан ба тиҷорати қонунӣ дар сатҳи маҳаллӣ тавассути шабакаи марказҳои захиравии тиҷоратии байнисарҳадӣ, нигаронида шудаанд. Ба ғайр аз ин, Литва лоиҳаи САҲА-ро, ки аз тарафи Норвегия маблағгузорӣ карда мешавад дастгирӣ менамояд, ки ин лоиҳа ба мусоидат намудан ба Тоҷикистон ва Қирғизистон дар беҳтар гардонидани масъалаи бехатарӣ бо ҳуҷҷатҳои мусофиратӣ нигаронида шудааст. Ин лоиҳа ба ин кишварҳо дар мубориза бо ҷинояти муташаккил мусоидат менамояд ва ҳаракати қонуниро байни сарҳадот осонтар мегардонад.

Омӯзишгоҳи олии сарҳадии САҲА, ки дар ш. Душанбе ҷойгир шудааст, ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои дигар кишварон-иштирокчиёни САҲА, нақши маркази захиравиро мебозад. САҲА, инчунин омода аст Тоҷикистонро дар татбиқи Стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба идора намудани сарҳад дастгирӣ намояд.

Минаҳо, то ҳол ба Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ мерасонанд. Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба кишвар аз соли 2004 сар карда дар поксозии минаҳо кӯмак мерасонад, ки барои ин мақсад 5,4 миллион евро маблағ сарф карда шудааст, ва САҲА кӯмаки худро ба Тоҷикистон дар ташаккулёбии зарфиятҳои устувори миллӣ оид ба поксозии минаҳо давом медиҳад.

Дар атрофи Тоҷикистон чолишҳои дигаре ҳам вуҷуд доранд: бехатарии энергетикӣ ва захираҳои обӣ мавриди нигаронии ҳамаи ҷонибҳо дар минтақа мебошанд. Захираҳои нокифояи обӣ дар Осиёи Марказӣ бояд ки хуб идора карда шаванд ва татбиқи ин масъала танҳо тавассути гузаронидани муколама ва ҳамкорӣ байни ҳамаи ҷонибҳои дахлдор имконпазир аст.  Муколамаи минтақавӣ оид ба захираҳои обӣ барои ҳамаи иштирокчиён муфид аст.

Диққати худро ба Тоҷикистон равона карда, ман дар тӯли якчанд сол аз оғози таъсисёбии худ ба муассисаи муҳим оид ба ҳифзи ҳуқуқи башар табдил ёфтани Институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро баланд арзёбӣ менамоям. Мо кӯшишҳоеро, ки ба тақвият бахшидани ин муассисаи ҷавон, то ки он тавонад имконияти худро ба пуррагӣ истифода барад равона карда шудаанд, дастгирӣ менамоем. Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ин муассисаро дар тақвият бахшидани чунин ҷанбаҳо, ҳамчун баррасии парвандаҳо, инкишофи стратегия ва идоракунии маъмурӣ дастгирӣ намудааст ва дар ин ҷо мо пешравиро мушоҳида метавонем кард.

Баробарии гендерӣ як ҷузъи дигари муҳими бехатарӣ мебошад. Қарори Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани синни аққали издивоҷ намудан то 18-солагӣ як иқдоми мусбӣ мебошад ва ман умед дорам, ки ин маънои онро дорад, ки бисёр духтарони ҷавон дар кишвар метавонанд таҳсили худро идома диҳанд ва дорои малакаю маҳорати зарурӣ барои ҳаёти муваффақона ва арзанда шаванд. Ба ин нигоҳ накарда, боз ҳам кори зиёдеро дар самти мубориза бар зидди хушунат дар мавриди занон бурдан лозим аст. Ин ҷиноят таҳаммулнопазир аст ва ҳеҷ гоҳ қабул карда намешавад. Тамоми қишрҳои ҷомеа бояд кор баранд то якҷоя ин хушунатро боздоранд ва чорчӯбаи қонунгузорӣ ва татбиқи он бояд ҷабрдидагонро, чи тавре ки онҳо ниёз доранд, ҳимоя намояд.

Иҷозат диҳед ман инчунин нақши матбуоти мустақилро дар саҳмгузорӣ ба субот таъкид намоям. Рӯзноманигорони мунаққид тавассути танқид ба мо роҳбарон кӯмак мерасонанд, ки кори худро беҳтар иҷро намоем. ВАО-и пешрафта иттилооти муҳимеро оид ба масъалаҳое, ки ба манфиати ҷомеа ҳастанд пешкаш менамоянд ва ҳамаи ҷонибҳо метавонанд аз имкониятҳое, ки Шӯро оид ба ВАО-и Тоҷикистон барои ҳал намудани баҳсҳо пешниҳод менамояд, истифода баранд. Ман умед дорам, ки аз мурофиаҳои судӣ бар зидди рӯзномаҳо ва рӯзноманигорон канорагирӣ кардан мумкин аст, чунки парвандаҳои судӣ метавонанд озодии ВАО-ро, ки онро ҳамаи мо гиромӣ медорем, саркӯб намоянд. Ман Ҳукумати Тоҷикистонро дар давом додани ҳамкорӣ бо ВАО-и мустақил барои тақвият бахшидан ба принсипҳои демократӣ дар кишвар ташвиқу тарғиб менамоям.

Инҳоянд якчанд мисолҳое, ки чи тавр САҲА ва Тоҷикистон бо ҳам ҳамкорӣ намуда метавонанд, то ба бехатарии устувору пойдор  на танҳо дар ин минтақа, балки берун аз он, бирасанд.{jathumbnail off}

(Аудронюс Ажубалис, вазири корҳои хориҷии Литва, раиси феълии САҲА)

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)