ВИДЕО: Ҷоизаҳои “Дидор” соҳибонашонро ёфтанд

Расми пӯшидашавии шашумин Синамобазми байналмилалии “Дидор” шоми 20 октябр бо иштироки синамогарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Русия, Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон дар Душанбе баргузор шуд.
Ин ҷашнвора 16 октябр ба кори худ оғоз намуда, давоми панҷ рӯз беш аз 70 филми кутоҳметраж ва дарозметраж аз 10 кишвари ҷаҳон ба намоиш гузошта шуд.
Ҷоизаи “Беҳтарин филми пурраметражи ҳунарӣ” ба филми “Санҷиш” (“Испытание”)-и коргардон Александр Котт аз Федератсияи Русия дода шуд. Филми “Динола”-и коргардон Марям Хатчавали аз Гурҷистон ҷоизаи “Беҳтарин филми кӯтоҳметражи ҳунарӣ”-ро ба худ ихтисос дод. Филми “Қиссаҳои бачаи шӯхи беқарор”-и коргардонҳо Ҳодим Ҳусайн ва Вайс Санҷар аз Афғонистон низ дар ин синамобазм ҷоиза гирифт.
Ҷоизаи махсуси дафтари СММ дар Тоҷикистон “Барои инъикоси ормонҳои башардустӣ” насиби Саъдулло Раҳимов, арт-директори синамобазми байналмилалии “Дидор” шуд. Ҷоизаи махсуси намояндагии “Россотрудничество”-ро барои намоиши филми ҳуҷҷатии Владимир Ерофеев, ба Сергей Каптерев доданд. Ҷоизаи вижаи ширкати “Рухом” барои “Беҳтарин филми мустанад”-ро Аловуддин Абдуллоев аз Тоҷикистон гирифт.
Синамобазми “Дидор” соли 2004 таъсис ёфта, имсол ба хотири бузургдошти 110-солагии Комил Ёрматов, асосгузори синамои Тоҷикистон ва Узбакистон бахшида шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |