Лағви Тоҷикистон аз “рӯйхати сиёҳ”-и Амрико: Ҳадафи писари Достиев?
Навиштаи Маҳбатқадам, махсус барои "Озодагон"Оҷонсии Аllgov, ки ба баррасии чеҳраҳои ҳукумати Амрико машғул аст, ахиран бо нашри маводе аз Фарҳод Салим, сафири навтаъини Тоҷикистон дар Вашингтон таъриф намудааст.
Ин Оҷонсӣ зикр кардааст, ки Фарҳод Салим, писари 39-солаи Абдумаҷид Достиев, собиқ сафири Тоҷикистон дар Русия аст ва ҳамагӣ чанд моҳ пеш-15-уми майи соли 2014 ба ҳайси сафир дар Амрико таъин шудааст: “Сафири нав зодаи шаҳри Қӯрғон-теппа, оиладор ва соҳиби се фарзанд буда, тайи муддати кӯтоҳи фаъолияташ мақсад гузоштааст, ки Тоҷикистон аз рӯйхати сиёҳи маъруф бо номи Ҷексон — Вэник, ки аз соли 1975 инҷониб амал мекунад, лағв карда шавад.”
Фариддун Саидов, масъули Тоҷикистон дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, аллакай дар ин робита чанд мулоқот бо конгресменҳои амрикоӣ гузаронда шудаанд.
Ин "рӯйхати сиёҳ" дар асоси пешниҳоди конгресменҳои амрикоӣ Ҷексон ва Вэник соли 1975 таҳия шуда, тибқи ин пешниҳодот Амрико бо кишварҳое, ки дар умури муҳоҷирату иқтисоди озод монеаҳо эҷод мекунанд, монеаҳои тиҷорӣ ворид мекунад. Раисиҷумҳури Амрико ҳақ надорад бо кишварҳои дар ин рӯйхат зикршуда созишномаҳои тиҷорӣ бандаду ҳукумати Амрико қарзҳои кафолатнок пешниҳод кунад. Ба ин рӯйхат собиқ кишварҳои шӯравӣ ва бархе аз кишварҳои сотсиалистӣ ворид будаанд. Аз соли 2000-ум то 2012 бо қарорҳои конгресси Амрико аз ин рӯйхат Қирғизистон, Русия, Украина, Молдова, Арманистон ва Гурҷистон ҳазф шуда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |