Маргу маҳбас... Оқибатҳои қарзгирӣ дар шароити Тоҷикистон
Навиштаи Маҳбатқадам, махсус барои "Озодагон"
Худсӯзии Олег Токов, соҳибкори 45-сола дар маркази савдои “Содот”-и маҳаллаи 46-ум, боздошти ситораи телевизиони тоҷик, собиқ ровии шабакаи аввал, Муаттара Ҷӯраева ва маҳкумияти соҳибкорзан Фирӯза Ғаёсова ба 8 соли зиндон дар сархати хабарҳои Тоҷикистон тайи як ҳафтаи охир қарор доштанд. Ҳамаи онҳо қарз гирифта, саривақт натавонистаанд бозпас диҳанд ва бинобар ин Токов худкушӣ карду Ғаёсоваю Ҷӯраеваро ҳамроҳ бо даҳҳо нафари дигар мақомоти тафтишотӣ ба иттиҳоми қаллобӣ пушти панҷара бурдаанд.
Аммо ин тарҳи қаллобӣ бисёр содалавҳона ба назар мерасад, чун тавре аз парвандаҳо бармеояд, муттаҳамон қарздориро эътироф мекунанд ва далели саривақт бозпас надодани маблағро набудани имконият арзёбӣ мекунанд. Шояд онҳо қаллоб нею соҳибкорони нокоманд, ки таваккал карда, қарз гирифтаанд, вале дар шароите, ки Тоҷикистон дорад, муваффақ нашудаанд. Шояд иллат дар шароити қарзгирию соҳибкории сангини Тоҷикистон ва бархӯрди нодурусти мақомот бо қазияҳои иқтисодӣ аст, ки “фитодаро по мезананд”?
Аз ҷумла аз маводи парванда алайҳи Муаттара Ҷураева бармеояд, ӯ нияти фаъол кардани тарабхонаи иҷорагирифтааш-“Санавбар” воқеъ дар маҳаллаи Ҳаёти Навро доштааст ва иттиҳомот алайҳи ӯ асосан ба ин тарабхона рабт доранд, ки қолин гирифтаасту саҳна сохтаасту рангу бор кардаасту ҳаққи устою фурӯшандаҳоро то ҳол пурра надодааст.
Майли ин ситораи собиқи телевизион ба соҳибкорӣ ӯро ба иттиҳоми қаллобӣ пушти панҷара бурд ва афроди монанди Ҷӯраева, ки саривақт қарзро бозпас надодаю пушти панҷара қарор гирифтаанд, дар гузоришу эълонҳои мақомот ба даҳҳо адад мерасанд.
Шояд ин боздоштҳо барои мақомоти тафтишотӣ ҳамчун натиҷаи фаъолият хизмат мекунанд, ки ба "боло" аз боздошти фалон теъдод қаллобон гузориш медиҳанд, зеро тавре худи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ мушоҳида кардаасту ҳафтаи гузашта дар мулоқот бо соҳибкорон баён дошт, бисёри гузоришҳо дар кишвар одатан бо назардошти манофеи шахсӣ, гуруҳӣ ё идорӣ пешниҳод мегарданд.
Аммо Озар Холназаров, таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд, маҳкумсозии чунин афрод натиҷае намедиҳад ва дар ин ҷо бояд асли қазияро дар шароити мушкили қарзгирию соҳибкории Тоҷикистон ҷуст. Холназаров мегӯяд, дар кишвар муносибати мақомот “фитодаро пой задан” аст ва Кумитаи андози Тоҷикистонро мисол овард, ки “вақте як соҳибкор ба далели мушкилоти молӣ натавонист андозро саривақт пардохт кунад, Кумитаи андоз нисбаташ фоизбандиро татбиқ мекунад, ки дар натиҷа соҳибкор ба қарз ғӯтавар мегардад.”
Холназаров мегӯяд дар Тоҷикистон низоме роҳандозӣ шудааст, ки агар боре қарздор шудӣ, халосӣ аз он мушкил аст. Мақомоти тафтишотию санҷишӣ аксаран бо як ҳисси бологирона муносибат мекунанд: “Онҳо ҷазо доданро вазифаи асосии худ мешуморанд ва дар умури молиёт ниҳоде нест, ки ҷазо доданро канор гузораду машварату маслиҳат диҳад, то ҳамаи иштирокдорони муносиботи иқтисодӣ фоида бинанд, на зарар.”
Ба гуфтаи ин коршинос феълан дар мавриди қазияҳои иқтисодӣ низоме роиҷ шудааст, ки ҳам сех месӯзаду ҳам кабоб. Ӯ ба фарзи мисол қазияи Ҷураеваро мисол овард, ки феълан дар боздошт аст, дарҳои тарабхонааш муҳр зада шудаанд ва бо такя ба таҷрибаи “Ҳафт бурҷ”-у “Мовароуннаҳр” илова намуд, ки эҳтимол баъди маҳкумсозӣ даъвогарону қарздиҳандагон низ пушаймон шаванд, чун намедонанд, дигар аз кӣ қарзашонро талаб кунанд.
Холназаров мегӯяд, ин қазияҳои ҷузъӣ, ки теъдодашон рӯзафзун аст, дар маҷмуъ бозгӯкунандаи шароити сангини қарзгирӣ, фоизҳои баланд, мушкили даромаднок нигоҳ доштани тиҷорат ва ғайра мебошанд, ки мақомоти Тоҷикистон бояд бештари нерӯяшро барои ислоҳи онҳо равона созанд на ба боздошту маҳкумсозиҳо.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон низ дар мулоқот бо соҳибкорон аз мақомоти санҷишӣ хост, овораи гузоришҳо дар бораи сабту ошкоршавии қонуншиканиҳо нагарданд ва талош дар самти ҷилавгирӣ аз қонуншиканиро бештар кунанду асли қазияҳоро омӯзанд: “Мақомоти санҷишӣ минбаъд набояд ба ҷавобгарӣ ҷалб намуданро чун нишондиҳандаи фаъолияти худ арзёбӣ намоянд, балки барои зиёд шудани ҳуқуқвайронкуниҳо низ масъулият дошта бошанд. Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки муҳлати амали қонунгузории санҷишро аз 1 январи соли 2016 муайян карда, дар соли 2015 санадҳои дахлдорро қабул намояд, то ки татбиқи ислоҳоти санҷиш самараи дилхоҳ диҳад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |