Бахшҳо

Духтари ҳиҷобпӯш - ҳамсари идеалии ҷавонони тоҷик

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО

Дар ҷомеаи Тоҷикистон духтарони ҳиҷобпӯш ҳамсари идеалии ҷавонони тоҷик қарор гирифтаанд ва бештари онҳо талош мекунанд бонуи русаридорро барои зиндагии муштарак интихоб кунанд.


Дар суҳбат бо ҷавонон маълум гардид, ки бештари онҳо дӯст доранд дар вақти интихоби ҳамсар аз духтари ҳиҷобпӯш хостгорӣ кунанд ва бовар доранд, ин амал яке аз рукнҳои фарҳанги миллист. Гуруҳи дигар ҳам, ки бо духтарони либоси аврупоипӯш издивоҷ мекунанд, баъди ақди никоҳ онҳоро ба пушидани либоси миллӣ ва русарӣ маҷбур месозанд. Аз ин дидгоҳ суолҳое матраҳ мешавад, ки далели интихоби духтарони ҳиҷопӯш барои ҷавонони тоҷик дар чист? Ин шеваи зиндагӣ аз фарҳанги миллӣ сарчашма мегирад ва ё тақлид аз кишварҳои исломист? Дар посух ба ин суолҳо коршиносон ва ҷавонон мегӯяд, ин кори тақлид нест, балки як суннат ва фарҳанги миллии тоҷикон мебошад.

Илёс Саидов, ҷавони тоҷик, ки ду сол пеш оила барпо кардааст, мегӯяд, маҳз барои ҳиҷоб доштан, ӯро ба ҳамсарӣ интихоб кардааст. Ба қавли ӯ, духтари ҳиҷобпӯш аз дину диёнат огоҳ аст ва ҳурмату эҳтироми падару модарашро ба ҷо меорад: “Дар Тоҷикистони демократӣ бархе духтарон бо тақлид аз бегонаҳо либосҳои аврупоӣ мепушанд, ки ба мо писанд нест ва аз фарҳанги мо хориҷ аст. Мо мусалмонем, на либоси аврупоипӯш, балки духтареро ба ҳамсарӣ мегирем, ки ҳиҷоб ба бар кунад. Албатта, ҳамсари ман ҳиҷобпӯш буд, маҳз ба ҳамин хотир ӯро ба ҳамсарӣ қабул кардам, зеро дар рустое, ки ҳамсари ман зиндагӣ мекард, духтареро бидуни ҳиҷоб надида будам”.

Тағоймурод Набиев, як ҷавони дигар, ки ҳоло муҷаррад аст, мегӯяд: “Духтароне, ки ҳиҷоб мепӯшанд нисбат ба духтарони аврупоипӯш боиффатанд. Аслан, ҳиҷоб зеби духтари мусалмон аст, ба ӯ ҳусни дубора мебахшад. Банда ҳатман духтари ҳиҷобпӯшро ба ҳамсарӣ хоҳам гирифт, чун духтари ҳиҷобпӯш худро аз чашми номаҳрам нигоҳ медорад ва ин зебандаи духтари мусалмон мебошад”.

Зубайдуллоҳи Розиқ, рӯҳонии тоҷиқ ҳам мегӯяд, “ҳиҷоб нишонаи иффату покдомании духтарон аст. Ин асл бар мегардад ба покии ҷомеа. Ҷомеа ҳар қадар поку бофарҳанг бошад, ҳамон қадар рушд мекунаду пеш меравад. Аз ҷониби дигар, ҷавонон мебинанд, ки бештарини фасод аз ҷониби духтароне анҷом мегирад, ки либоси аврупоӣ доранд, бинобар ин ҷавонон ҳамсари ҳиҷобпӯш интихоб мекунанд, ки дар давоми умри бобаракати худ бо муҳаббату дӯстӣ зиндагӣ кунанд”.

Раванди “ҳиҷобӣ” шудани духтарон аз чанд соли қабл суръат гирифт ва бархе коршиносон ва ҳатто расонаҳо аз ин тамоюл интиқод ҳам карданд. Мақомот низ бетараф набуд. Барои мисол рафтани духтарони ҳиҷобпӯш ба таълимгоҳҳо манъ шуд ва ҳатто хабарҳои ихроҷ шудани донишҷӯдухтарони русаридор ва аз кор рондан ё ба кор қабул накардани ин гуна бонувон расонаӣ гардид.

Зубайдуллоҳи Розиқ мегӯяд, интихоби либос ҳуқуқи фитрии инсон ба шумор меравад ва беҳиҷоб кардани духтарон маънои зиёд кардани ҳуқуқи онҳоро надорад. Ӯ дар идома ҳамчунин афзуд, “гуруҳе, ки аз шеваи интихоби ҷавонон ҳасосият нишон медиҳанд, аз диди фарҳанги миллӣ интиқод намекунанд, балки онҳо аз диди фарҳанги бегона бо ҳидояти бегонагон аз ҳиҷобпӯшии духтарон интиқод мекунанд”.

Зарофо Раҳмонӣ, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таъкид мекунад, далели тамоюли ҷавонон аснои интихоби ҳамсар рӯйи духтарони ҳиҷобпӯш аз фарҳанги миллии мардум сарчашма мегирад: “майлу ҳоҳише, ки ҷавонон нисбат ба духтарони ҳиҷобпӯш зоҳир мекунанд ба ин далел аст, ки духтарони ҳиҷобпӯш нисбатан хушалоқу боиффат мебошанд. Аксари ин духтарон аз рӯйи ақидаву имони исломӣ ҳиҷоб ба бар мекунанд ва зиндагӣ кардан дар чаҳорчуби шариат ва суннати миллиро афзалтар медонанд. Бинобар ин пушише, ки онҳо интихоб кардаанд, барои ҷавонони имрӯз мақбул мебошад”.

Хонуми Раҳмонӣ мегӯяд, интиқоди расонаҳо дар робта ба пушиши духтарон аз он маншаъ мегирад, ки бархе бо тақлид аз пушиши туркиву эронӣ ҳиҷоб ба бар мекунанд, “ин далел шуда наметавонад, ки мо кулли духтарони ҳиҷобпӯш ва ҷавононеро, ки мехоҳанд ҳамсари ҳиҷобпӯш интихоб кунанд, мавриди интиқод ва тамасхур қарор диҳем”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Карим
бештари фохишахои назди караболо хичобпушанд!

Беном
Садкаи хичоб шаванд, он духтароне, ки мепушанд. Онхо ба хотири шавхар ёфтан худро хичобпуш мекунанд, яъне дар асл онхо аз духтархои аврупо низ мегузаронанд. Дар корхонаи мо духтари 37 ё 40 сола кор мекунад ва пеш аз омадан ба кор хичоб доштанд ва баъд хичобро партофтанд. Баъди чанд руз хангоми хамсухбат шудан дар бораи ин либос, ки барои чи мепушад, дар чавоб гуфтанд, ки мабодо хичоб пушаму шавхаршаванда ёбам, чунки чавонон ба хичобпуш майли зангири доранд. Модарон ва бибихои мо хичоб надоштанд ва мо хам бояд надошта бошем. Руймоли точикии мо зебандаи мо хаст ва бояд монад. Ин хичоб як муд барои духтарон ва занон шудаст. Хохарон ва модарони азизу гиромикадр ин интихоби Шумо хато аст ва холо хам дер нашудаст аз ин рох баргардед.

Шумо ба ҷуз муҳокимаи сару либос ва бо кадом либос извиҷоч духтарон дигар кор надоред? Баъдан ин масъала якҷониба баррасӣ шудааст, умуман ба касбияти журналист монанд нест. Журналист то ҷоё медонам бояд объективона мавод омода намояд!
Мӯҳтарам Зубайдуллоҳи Розиқ, барои гуфтаҳои боло далели шаъӣ оварда метавонад, ки фасодкориҳо маҳз аз ҷониби духтарони либоси аврупоипуш сурат мегирад? Ки гуфта метавонад, ки он нафаре, ки ҳичоб ба сар мекунад ба корҳои фахш даст намезананд? Ба иззати нафси духтарони аврупоипуш нарасед! То либосҳои духтаронро муҳокима кардан, хубтар мешуд пеши роҳи "Муллоҳои фаҳшкор"-ро бигиред!!!

Хой мардум! Охир шумо тарихро аз ед баровардед, ки то соли 1917 занони мо, румоли точики не, балки хичоб ва фаранчи мепушиданд. Ин баъд аз омадани хукумати совети занхо румолу бе румол мегаштаги шуданд. Охир бобою бибихои шумо дар давлати коммунисти зиндаги мекардан, аммо бибикалону ва аждодхои онхо либоси мусалмони мепушаданд, е не? Хамаш майли, охир мо дар давлати демократи зиндаги мекунем, касе хохад либоси аврупои мепушад, касе хохад хичоб мепушад, кори шумо чи? )))

Точик
ин Озодагон ба фикрам бачахои ким кадом кишлокхои Исфара, Вахдат ва Раштро интервю гирифтааст. Чунки Точикони бомаърифати дигар минтакахо то хол гурури миллиашонро аз даст надодаанд

дар паси парда чи балоест ноаён, дар даруни хичоб чи макрест нофахмо, аслан хичоб либоси миллии араби буда барои эмин нигох доштани чашмону сару руй аз шамолхои хоколуд асрхо истифода мешуд, инчунин барои аз рохзанхо хифз шудан панох мекард, точикон дорои либосхои миллии худ буда, хичоб ба бар накардани онхо ба мусулмони ягон иртибот надорад.

Зайналобиддин
Ин чавонони точик зохирпарастанд. Хамон хичоб чизе намедихад. Махсусан хичоби сиёх намуди шахрамонро безеб мекунад. Кудакон аз дидани онхо метарсанд. Дигар инки наворхои фахшеро дидам, ки хичобпушон анчом додаанд. Барои хамин дилам монд. Духтарон асосан барои ба шавхар баромадан онро мепушанд вагарна аз он безоранд. Агар зан хохад , ки берахагй кунад, шабуруз бо хичоб гардад, ки пеши рохашро гирифтан мушкил аст.

Суннат, Таърихро каме дуртар нигох кунед, точикон барахна мегаштанд. Дар замони Рустаму Сухробу Гурдофаридхо ягон хел хичоб намепушиданд. Сатру хичоб моли мо нест. Онро араби сусморхур баро химоя аз туфони гарду кум мепушиданд.

иброхимзода
либоси миллии мо чигуна либос бошад?

иброхимзода
бародарони мухтарам ман хамаи андешахои шуморо мутолиа кардам. андешахои шумо гуногун аст. мо бояд пеш аз як суханро гуфтан андеша бикунем. мо аввалан бидонем, ки хичоб чи маъни дорад? дуввум мардуми точикон пеш аз исломро кабул кардан чигуна лобос мепушиданд?

Салом ба хонандагон. Онхое ки акида доранд хичоб моли мо нест лутфан ба куръон мурочиат кунанд ва суханони бечо назананд. Дар хакикат яке руи хотири дин дигаре руи хотири чизи дигар шояд хичоб ба бар кард. Яке хичобпушро бадахлок диду дигаре аврупои пушро хушахлок аммо ин куллро дар бар намегирад.
Сураи Нур ояти 30 31 . Агар ба дин бовар надошта бошед кори шахсии шумо аммо хичоб фарз яъне хатми барои мусалмон аст. Дигар бахонаи ман видео дидам дилам монд факат бахона аст. Чаро видео ки дар он бо либоси аврупои зинову фахшоаст дида дилхоятон намонд? Ё айби хичоб мечустеду ёфтед? Хичоб амри илохи буда дар куръон зикр шудааст дигар пвнохатон ба Худованд.

Беном,
Карим,
Суоле ба миён меояд агар духтаронро бо либоси аврупои дар фахшу фасод бинед интикод аз кулли аврупои пушро мекунед? Агар бале оё то хол чунин холатро надидаед? Ва агар не пас чаро хичоб пушонро интикод мекунед? Ва оне ки даъво дорад либоси миллии мо нест мегуяд оё ту бо чомаву шалвор мегарди? Хадди акал сураи Нур ояти 30 31 ро якбор назар кун Худованд чи фармудааст. Оё дини ислом танхо барои арабу афгону эрони аст ки инкадар овозатон баланд аст?

Карим
Абдулчаббор,

оё ту сад фоиз боварии дори, ки Куръон тамоман илова карда нашудааст?

Бандаи Худо
Абдулчаббор,

Бародар Абдулчаббор, бехуда захмат накаш. Барои баъзехо дар хакикат руймолу хичоб моли точикон нест, стричка,мини-юбкаву, маячка, бруки танг моли точикон аст. Куръон барои Арабхо нозил шудааст, мегуянд на барои точикон. Аз Зардушт аждоди мо гуфтан ифтихор доранд ва маданияти Зардуштиро боло медонанд. Аммо онхо таълимот Оташпарастонро хам намедонанд, ки бо ОБИ ПЕШОБИ гов гусл карда пок мешудаанд ва бо модару хохар хамхобаги мекардаанд. Сукут бисер амали хуб аст бародар. Аз соли 1920 инчониб бо кумаки ишголгарони рус, модарони точик бе руймол шуданд. Як аср мешавад, кани беруймолхо ба мо ягон Саъди, Хофиз, Руми, Рудаки, Дониш, Чоми, Хучанди, Беруни, Сино, Кошифи, Айни, Гафуров ва гайра такдим кунанд чи? Хич аз сафсаттагуи намонданда-да.

Justice
Цитата: Карим
оё ту сад фоиз боварии дори, ки Куръон тамоман илова карда нашудааст?

Бале, 1000% бовари дорам, ки Куръон як харфи изофаги хам надорад ва нахохад дошт. Онро худи Аллох дар Куръон ваъда кардааст, ки хифз мекунад. Ту худ имон надошта боши пас дигаронро хам ин гуна фикр макун!

Цитата: Карим
бештари фохишахои назди караболо хичобпушанд!

То даме ки аз хизматрасонии онхо истифода набари онхоро намедони. Аз ин маълум мешавад, ки ту ба зани худ хиёнат мекуни ва аз ин гуна шахсони ба монанди ту чомеа безор аст ва ту баринхо сабабгори вайроншавии оилахо хастанд!


Цитата: Точик
ин Озодагон ба фикрам бачахои ким кадом кишлокхои Исфара, Вахдат ва Раштро интервю гирифтааст. Чунки Точикони бомаърифати дигар минтакахо то хол гурури миллиашонро аз даст надодаанд

на бародар! тамоми мардуми бофарханги Точикистон духтарони хичобпушро эхтиром мекунанд ва дуст медоранд!

Цитата: Зайналобиддин
Хамон хичоб чизе намедихад. Махсусан хичоби сиёх намуди шахрамонро безеб мекунад. Кудакон аз дидани онхо метарсанд. Дигар инки наворхои фахшеро дидам, ки хичобпушон анчом додаанд. Барои хамин дилам монд. Духтарон асосан барои ба шавхар баромадан онро мепушанд вагарна аз он безоранд.

Хичоб зебу зиннат медихад на ин ки безеб мекунад! Ту аз либоси сиех магар метарси??? Кудакон аз шахсони масту беинтизом метарсанд на аз занхои гулруйи хичобпуш!
Наворхои фахшро тамошо карди боз хичобдорхоро фохиша мегуйи. Худат кисти?
Барои ба шавхар баромадан дигар духтархо чи корхоро анчом намедиханд. Тамоми тану руйи худро хазорхо маблаг сарф карда волидайнашонро мачбур мекунанд то ба онхо рангу бор харидори намоянд то онхо худро намоиш дода гарданд. Барои шавхар кардан чи кадар гапхои дуруг мезанад ва бо бачахо гашту гузор мекунанд. Оё ба хохари худ хаминро раво мебини?

Аз навиштахои дар поёнбуда бармеояд ки аксарияти Шумо пайравони Аврупою Амрико хастед. Хичобро рад кардан ин маънои онро дорад ки шумо руи рост ба Худо чанг эълон кардед чунки амри ба хичоб ин фарзи Худо хаст на аз ягон муллою ё ягон олим... Вой бар холи шумо, хаминхел рафтан гирад фардо дар Точикистон гейпараду хамчинсирохам аз руи маданият мепиндоранд, чунки халки мо ба маданияти аврупо таклид мекунад на ба маданияти точиконаи худ....

Беном
Арабхо тобистони дароз дар мулкхои салкин мегарданд ва хичобу рузаю намозро ба мардуми соддаи дигар кавму миллатхо бор кардаанд, асри 21 аст, дигарон аз илму техника ва кайхон харф мезананд, мо аз хичобу руза

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)