Истиқболи намояндаи департаменти ИМА аз созиш рӯйи "CASA-1000"
Ҷеннифер Псаки, намояндаи расмии департаменти давлатии ИМА гуфтааст, кишвараш созишномаи эълоншуда оид ба ба нархгузории транзитии тарҳи интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000)-ро дастгирӣ менамояд.
Ахиран, Афғонистону Покистон дар мавриди тарҳи “CASA-1000” созишномаеро ба имзо расонданд, ки дар асоси он Кобул барои ҳар киловат барқе, ки аз тариқи ин кишвар ба Покистон интиқол меёбад, 1,25 сент ҳаққи транзит мегирад.
Хонуми Псакӣ бо нашри изҳороте афзудааст, созишномаи мазкур дар бораи иқдоми муҳими муносиботи тарафайн байни Афғонистону Покистон ва инчунин яке аз дастовардҳои аввалини дипломатии Ҳукумати нави ваҳдати миллии Кобул зери роҳбарии Ашраф Ғанӣ ва Абдулло Абдулло шаҳодат медиҳад.
“Баъд аз итмоми тарҳ “CASA-1000” ба Тоҷикистон ва Қиргизистон имконияти фурӯши барқи изофиро ҷиҳати қонеъ гардонидани норасоии Афғонистон ва Покистон медиҳад. Лоиҳаи мазкур ҷузъи муҳими бозори энергетикии минтақавӣ буда, таъминкунандагону харидорони барқро пайваст менамояд ва ба рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад. Созишномаи нархгузории транзитӣ қадами заруру ниҳоӣ ҷиҳати баимзорасидани созишномаи хариди барқ буда, донорҳои дигарро барои ширкат дар татбиқи “CASA-1000” водор месозад”,-омадааст дар изҳороти Ҷеннифер Псаки.
Дар идома инчунин гуфта мешавад, Иёлоти Муттаҳида ҳамкориро бо чор давлати “CASA-1000” ва шарикони байналмилалӣ барои пешрафти лоиҳаи мазкур на фақат бо мақсади пайваст кардани таъминкунандагони барқ бо харидоронаш, “балки барои таҳкими дастгирии дарозмуҳлат ба осоиш, амният ва ободонии Афғонистон, ҳамсояҳои он идома хоҳад дод”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |