Гилаю таърифҳои Раҳмон: Аз интиқоди дурӯғгӯию худсариҳо то эълони иди нав
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 14-уми октябр дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорон дар баробари таърифи саҳми бахши хусусӣ ва талошҳои давлат барои беҳбуди фазои соҳибкорӣ камбудиҳои ҳар ду ҷонибро низ зикр кардааст. Ӯ дар хитоб ба мақомоти санҷишӣ гуфтааст, танҳо саргарми ҳисобот дар бораи қонуншиканиҳо нашаванд, балки масъулияташонро дар афзоиши қонуншиканиҳо эҳсос кунанду барои пешгирии он чораандешӣ кунанд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳори боварӣ намудааст, ки агар низоми андозбандӣ содаю сабук бошад, соҳибкорон фаъолият дар доираи қонунро афзалтар хоҳанд донист.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба камбудиҳои сохторҳои давлатӣ дахл карда, аз ҷумла изҳор доштааст:
--Мувофиқи қонунгузории амалкунанда вобаста ба “Равзанаи ягона” барои бақайдгирии давлатӣ аризадиҳанда ба Кумитаи андоз муроҷиат намуда, баъди анҷом додани расмиёти дахлдор шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ мегирад, вале Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа то ҳол ба ин тартиб ворид нашудааст, ки ин боиси риоя нашудани низоми баҳисобгирӣ ва муҳлати бақайдгирӣ мегардад.
--Ҷараёни қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ, хусусан агар соҳибкор дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият намояд ё қарзҳои пардохтнашуда надошта бошад, мувофиқи қонунгузорӣ хеле содда мебошад. Аммо дар амал ин расмиёт бо сабабҳои сари вақт баррасӣ нагардидани аризаҳо аз тарафи мақомоти масъул ба як расмиёти мураккаб мубаддал гаштааст.
--Ҳамчунин то ҳол дар амалияи маъмурикунонии андоз риоя нагардидани муқаррароти Кодекси андоз ба чашм мерасад. Мақомоти андоз тавассути таҳия ва қабули санадҳои дохилиидоравӣ расмиёти андозбандии соҳибкоронро мураккаб гардонидаанд.
--Талаботи мақомоти андоз доир ба пешпардохти маблағҳои андозӣ ва душвориҳои баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки дар фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мушкилот меоранд.
Эмомалӣ Раҳмон бо зикри ин камбудиҳо ба Вазорати молия ва дигар сохторҳо дастур додааст, барои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, барои боз ҳам содда ва беҳтар намудани татбиқи Кодекси андоз ва бартараф кардани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ба Ҳукумат гузориш пешниҳод намоянд: “Низоми андозбандӣ бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки дар баробари ҷамъоварии андоз он ба рушди минбаъдаи иқтисодиёт мусоидат намояд.”
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз бархе соҳибкорон низ гила кардаааст, ки аз қайди давлатӣ нагузашта, ба фаъолият машғул мешаванд ё дар қайд бошанд ҳам, аз пардохти андоз саркашӣ мекунанд: “Ҳамзамон бо ин, корҳои назоратӣ аз он гувоҳӣ дода истодаанд, ки соҳибкорони алоҳида бо роҳи ташкил кардани ширкатҳои қалбакӣ ва истифода аз дигар усулҳо аз андозбандӣ саркашӣ менамоянд. Соли ҷорӣ 37 ҳолат ошкор карда шудааст, ки шахсони алоҳида бо истифода аз чунин ширкатҳо ба маблағи зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ молу маҳсулот ворид намудаанд ва дар ҳисоботи муҳосибии худ ин амалиётро нишон надода, беш аз 52 миллион сомонӣ маблағи андозро пинҳон кардаанд.”
Бо зикри натиҷаи санҷишҳо Эмомалӣ Раҳмон илова кардааст, ки “аз тарафи дигар, мақсади гузаронидани санҷишҳо ва вазифаи мақомоти андоз на танҳо ошкор намудани камбудиҳои соҳибкорон, балки пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад.”
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки мақомоти санҷишӣ минбаъд набояд ба ҷавобгарӣ ҷалб намуданро чун нишондиҳандаи фаъолияти худ арзёбӣ намоянд, балки барои зиёд шудани ҳуқуқвайронкуниҳо низ масъулият дошта бошанд: “Зарур мешуморам, ки мақомоти андоз муқаррароти оид ба истифодаи ҷаримаҳои андозиро таҷдиди назар намоянд.”
Вай изҳори боварӣ намудааст, ки “агар тамоми расмиёти маъмурикунонии андоз содда гардонида, як низоми мураттаб ва барои соҳибкорон осон ташаккул дода шавад, итминон дорам, ки ҳамаи соҳибкорон бо риояи талаботи қонунгузорӣ фаъолият намуданро афзалтар медонанд.”
Ӯ Вазорати молия ва Кумитаи андозро вазифадор кардааст, ки сабабҳои аслии аз ҷониби соҳибкорон пинҳон кардани маблағҳои андозро омӯхта, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мавҷуда ба Ҳукумат хулосаҳои мушаххас пешниҳод созанд.
Камбудии дигаре, ки ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон ҳам намояндагони бахши хусусӣ ва бахши давлатӣ ба он роҳ медиҳанд пешниҳоди ҳисоботи бардурӯғи оморӣ мебошад: “Айни замон ҳисоботи оморӣ дар аксари ҳолатҳо ба воқеият рост намеояд. Маълумоти оморӣ оид ба истеҳсоли маҳсулот ё хизматрасонӣ бо дарназардошти манфиатҳои шахсӣ ё идоравӣ, аз ҷумла бо мақсади аз андозбандӣ пинҳон кардани истеҳсоли маҳсулот, барзиёд нишон додани иҷрои нақшаи истеҳсол ва дигар сабабҳо кам ё зиёд нишон дода мешавад, ки ин боиси мураккаб гардидани банақшагирии истеҳсоли маҳсулот, воридот ва содироти он мегардад.”
Дар ниҳоят президенти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ҳамасола 14-уми октябр чун рӯзи соҳибкорон таҷлил гардад ва дар хитоб ба онҳо афзудасст, “мо метавонем якҷоя ба тамоми мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ истодагарӣ карда, лоиҳаҳои миқёсан бузургро амалӣ намоем. Мо бояд як масъалаи муҳимро ҳамеша дар мадди назар дошта бошем, ки истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва зиндагии осоишта дастовард ва неъмати беназири мо мебошад.... Мо шарикӣ ва дӯстиро қадр мекунем, ба ҳамкорӣ ва идомаи фаъолияти муштарак доимо омода ҳастем.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |