Бахшҳо
14 окт 2014 11:10Тоҷикистон / Тема дня

“Идгардак”- ҷӯгишавии кӯдакони тоҷик ё роҳи муттаҳидсозӣ?

Пешниҳоди профессори тоҷик - Раҷаббек Қосимов барои аз миён бурдани “идгардак”-и кӯдакон дар рӯзҳои Иди Фитр ва Қурбон дубора баҳси ҷонибдорон ва мухолифини ин анъанаро зинда кард.

Оқои Қосимов дар як суҳбати сарироҳӣ ба “Озодагон” гуфт, хона ба хона гаштани кӯдакон дар рӯзи идҳои мусалмонӣ зарурат надорад. Ӯ аз ҷумла таъкид намуд, ин анъана аз деҳот ба шаҳрҳо, махсусан пойтахт кӯчида ва хотири одамонро парешон мекунад. Ин андешаи профессори тоҷик ба вокунишҳои зиёде рӯбарӯ шуд. Бархе аз шарҳнависони “Озодагон” аз пешниҳоди Раҷаббек Қосимов интиқод намуда, онро оини мусулмонон хондаанд, аммо қисме гуфтаанд, “идгардак” одати ҷӯгиҳо аст ва ба он бояд хотима бахшид.

“Мусулмон”, яке аз шарҳнависон пешниҳоди Қосимовро саривақтӣ дониста, “таъриф”-и идгардакро аз нигоҳи худ шарҳ додааст: “Идгардак - яъне ҷӯгишавии кӯдакони тоҷик. Рӯзи ҷӯгишавӣ”. Анушервон, шарҳнависи дигар низ дар тақивияти суханҳои “Мусулмон” навишта, “идгардак” як анъанае аст, ки аз деҳот ба шаҳр кӯч бастааст: “Халтача дар даст мисли ҷӯгиҳо барои як дона жвачкаи чинӣ дар ба дар гаштан чӣ одат бошад?! Дар фарҳанги шаҳрнишинӣ ин анъана набуд ва ин аз деҳа ба шаҳр омадааст”.

Далер, шарҳнависи дигар гуфтаҳои болоро рад карда, навиштааст, “идгардак” як анъанае аст, ки барои муттаҳидии сокинон кумак мекунаду онро бояд нигоҳ дошт. “Бо профессор розӣ нестам. Барои он ки ин як анъанаи мо ҳаст. Мардум хоҳад идгардак мекунад, нахоҳад не. Дар ин даврае, ки хеш ба хешу, ҳамсоя ба ҳамсоя бегона шуда истодааст, ин анъана метавонад ҳадди ақал дар як сол як бор халқро муттаҳид созад”,- менависад Далер.

Асад “идгардак”-ро анъанаи мусалмонон дониста, аз байн бурдани онро латма ба дину оини пайравони Ислом хондааст. Ӯ мегӯяд, “дар як сол мусалмонон ду рӯз ид доранд, инро ҳам бо баҳонаи кӯдакон аз байн мебаред? Як шиша арақ 25 сомонӣ ва як пачка жвачка 8 сомонӣ зуратон нарасад, ҳар баҳонаро пеш наоред, дар дину оини мусалмонон латма назанед. Ҷаноби олӣ таъкид мекунад, ки сари ятимонро сила кардаву хурсанд кунед, пас инро чӣ хел фаҳмем ҷаноби профессор?”

Аммо “Sato”, яке аз шарнависон мегӯяд, “идгардак” ба дини мубини Ислом ҳеч иртибот надорад ва дар кишварҳои исломӣ низ дида намешавад: “Дар мамлакатҳои исломӣ агар як мурдаи нав дар хонадон бошад, мардум ба он хона барои дуо хондан мераванд, на ин ки барои талбандагӣ”. “Дарвеш” низ аз ҳарфҳои “Sato” ҷонибдорӣ карда, гуфтааст, ин анъана ҳеч рабте ба дини Ислом надораду хурсандии кӯдакони тоҷик дар рӯзҳои идро метавон бо роҳҳои дигар таъмин кард ё дар ин рӯзҳо барои кӯдакон ба ҷои жвачкаи “заҳролуд” китобу қалам ё лавозимоти хониш тақдим кард.

“66” низ ба ин баҳс ворид шуда, хостори аз байн бурдани идгардаки кӯдакон шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин анъана таъсири манфиеро дар тарбияи насли наврас мегузорад: “Дуруст мулоҳиза кунед, ин шахс рост мегӯяд, ҳанӯз соат 6 ё 7 нашуда кӯдакони хоболуд дар пушти дар ҳастанд, албатта сухан сари як ё ду жвачка намеравад, гап сари он аст, ки кӯдакон чӣ гуна тарбия меёбанд. Яъне, дар афкорашон ҷой медиҳанд, ки бе пул ҳам чиз медодаанд”.
баҳсҳои дигари корбаронро инҷо бубинед

Пешниҳоди профессор ва баҳси ҷонибдорону мухолифини он дар ҳолест, ки қаблан низ чунин баҳс дар бораи “идгардак”-и кӯдакон дар интернет, бахусус миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён омада буд. Аксари корбарон додани дафтару қалам ва китоб ба ҷои “жвачка”-ву пуфакро пешниҳод карда буданд. Дар пайи ин даъват Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон низ ба ин масъала дахл карда, аз сокинон хост, ин пешниҳоди фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро пазиранд. Раиси ҲНИТ гуфт, ҳарчанд ҷонибдори дар ба дар гаштани кӯдакону наврасони тоҷик дар рӯзҳои ид нест, чун ба гуфтаи ӯ, хӯи гадоиро метавонад дар онҳо ба вуҷуд орад, вале даъват кард, ҳадди ақал бояд ба онҳо китобу қалам дода шавад, то василае барои роҳнамоии онҳо ба донишу илмомӯзӣ гардад: “Шояд алакай дар қишре ин одатро ба вуҷуд овардааст. Албатта, ин баҳси дигар аст, вале модоме ки ҳоло ин падидаро дар ҳаёти як қисме аз миллатамон дорем, пас коре кунем, ҳадди ақал фарзандонамон китобу илму донишро гадоӣ кунанд, на жевачкаву шириниро. Бале, китоб аз жевачка гаронтар аст ва шарт нест, ҳама китоб диҳанд. Бигузор тифли тоҷик ҳам инро дошта бошаду ҳам онро, ҳам комаш ширин бошаду ҳам ақлаш равшан”.

НАЗАРИ ПРОФЕССОРИ ТОҶИК ДАР БОРАИ "ИДГАРДАК"




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
хаминка коратон мондаги ки хаминро хам аз бай баред дигар чи мо гуем ки мусулмонем

пРофесор як бор кудакии хдта ба ёд биёр...агар кудакии хуб гузаронда боши.
и рачаббек аз гапош маълум ки ранги баъзе одамои ки дар шахр зиндаги мекнан ба гуфтаи руссо меган "понаехали" аз хаму тоифа одамоай..
макулт нест дарта махкам кн кудакота намон бромадани рузои ид неки дигар кудакои ки ид мекнан корт набоша анъана аз дехот омадай ай ягон кишлоки дури ки дар харита набдаги омадай и проблемат хдт нест..чангдозира байни мардуми шахр кишлок бас кн...шахрии

Идгардак на суннати миллист ва на исломи. Солхои охир аз рустохои бархе манотики кишвар ба пойтахт куч бастааст. "Идгардак"-и кудакон танхо дар як маврид писандида аст, замоне ки пас аз зимистон аввалин гулхои бахори (гули бахман, гули ) меруяд ва кудакон паёми бахорро аз хона ба хона мебаранд ва бузургсолон барояшон ширини ва ё меваи хушк медиханд. Идгардакхои оммавии кудакони точик (бузургсолон низ) бозмондае аз чомеъаи ибтидои аст, ки ахли кабила шикор мекарданд ва гушти сайдро баробар мехурданд ва ё таксим мекарданд. Аз идгардаки бачагони мо факат корхонахои чини фоида мебинанд, ки садхо тонна сакичхои пастсифаташон ба фуруш меравад.

.
Биеед иди солинавиро бо арча, бобои барфи ва снегурочка кайд кунем. Хаминро мехохед шумо? Кадом бефахм идгардакро боиси чугишавии кудакони точик гуфтааст? Ана хамин хело конунхоро дар бораи риштароши, манъи хичоб ва гайра мебароранд.

Мухаммад
100 дар 100 рост гуфтед ин расму одати чугиёнаро бояд аз байн бурд.

44
Профессор шудан осон,

Ман тарафдор ки ин урфу одати таландаги аз байн бардошта шавад. Парвариши кудакон дар рухияи гадои хуб нест.

Идгардаки кудакон бо дини Ислом хеч иртиботе надорад. Хатто дар Чумхурии Исломии Афгонистон, ки ифротгароии мазхаби бештар зохир мегардад, ин падидаи носолими "Идгардак" вучуд надорад. Бехтар он аст, ки дингароиро аз байн бурда, ба парваришу тарбияи кудакон таваччухи бештар зохир намоем. Чунки одоб ва ахлоки кудакон чавобгуи хатто дархостхои исломи нестанд!!!

VORISI TOJDOR
САЛОМ БА МАРДУМИ ИН ВАТАН БАД БА МАРДУМИ ШАХРШИН ХАМИНРО ГУФТАНИАМ ОЙО ХАМИН ДУШАНБЕ ДАР ВАКТАШ ДЕХА НАБУД БА ТОРИЗ НАЗАРКУН 90 СОЛ ПЕШ ЧИ БУД

vera
ШУМО ЯК НАЗАР БА АВРУПО КУНЕД ЯК ОДАТУ ЯК АНЪАНАХОЕ ДОРАНД КИ ШАРМИ ОДАМ МЕОЯД АММО ОНХО ИНРО ТРАДИЦИЯ ГУФТА НАШЕ ПРОШЛОЕ ГУФТА НИГОХ МЕДОРАНД ВА ИНРО ИСТИФОДА БУРДА ХАТО СУМ КОР МЕКУНАНД МО БОШЕМ ЧИ??? МО ХАМАГИ ДАР КУДАКИ ИДГАРДАК КАДАЕМ КАЛОН ШУДА ЧУГИ НАШУДЕМ?! ИН ЯК РАСМУ ОИНИ МОСТ ВА МУХТАРАМ ПРОФЕСОР ШУМО ИН СУХАНХОИ БЕАСОСУ БЕМАЪНИ НАЗАНЕД

Ман дар чунин профессорхо хайрон мешавам, о наход ки ду рузе ки хамон хам рузои истирохати аст барои тарбияи кудак нохуб бошад!
Вале ман фикр мекунам ки ин рузро набояд рузи талбидан гуянд чун кудаконро мебини хамаги хушхол мебошанд, хамаги як руз хаст наход ки ин рузи хурсандии кудакон боиси хаста гаштани одамон бошад.

Хафтафахм
Ин хафтафахмхои точикои мо Иди Рамазону Иди Курбонро факат дуохони медонанду халос. Гуе касе мурдаи тоза дошта бошад хатман хонаи у рафт. Эй хафтафахмохо! Иди Рамазону Иди Курбон иди МУРДАХО нест, иди зиндахо аст. Ояту дуохони як одат хаст на фарзу вочиб, ки хатман оят хонда дуо куни. Мардуми мо ба чои хурсанди кунанд, ки Худову Расул амр кардаанд, инхо бошанд гамгин мегарданд хонахое ки мурда доштанд бо гамгини рафта оету дуо мекунанд. Яъне хилофи гуфтахои Ислом, ба чои хурсанди- гамгини. Хунари 2 пачка сакич е пуффак е канду шакалод хариданро надореду, гиламанд хастед ки иди чугиен аст. Соли нав ки аз мо нест, бо хазор сомону зиедтар харид мекунеду то сахар китти китти мекунед, чамшматон намепарад, аммо хамин 2 иде ки бояд бо хурсанди кайдаш кунем, чашми дид надоред. Хайфи номи мусалмони. Идгардаки кудакону хона ба хона гаштани марду зан мухаббати якдигарро зиед мекунад. Бисерихо факат 2 бор дар 1 сол хонахои хешу табору хамсояхову шиносхо мераванд. Агар хамин Ид набошад рафту омад пурра канда мешавад. Ислом таргиб ба он мекунад ки ба хонахои якдигар рафту омад кунему дустиву мехру мухаббат зиед шавад. Дуруст аст, ки мегуянд дар дастархонкуни мусобика мекунанду харочотхои зиедативу бехуда мекунанд. Албатта зиедарави ва исроф чой дорад аммо набояд мо бо сабаби хатогии мардум ба Иду мусалмонхо эърод гирем. Худованд хама вакт мардуми точикро дар ин 2 иди БУЗУРГ хурсанд нигох дорад. ОМИИИИИН!

Албатта бо устод Раҷаббек Қосимов розӣ буда наметавонам. Фикр мекунам, ин анъана ҳатто пештар аз Ислом ҳам вуҷуд дошт, яъне "бойчечак", ки дар қисмати Суғд имрӯз ҳам вуҷуд дорад. Мо дар хурди дар бораи "идгардак" дар рӯзҳои иди Қурбон ва Рамазон ягон маълумоте надоштем, аммо дар арафаи иди Наврӯз "бойчечак" мекардем, аммо ҷӯгӣ нашудем... Фикр мекунам, агар мо ба ин анъана дуруст муносибат намоем, яъне нуқтаи назари дуруст дошта бошем, пас ҳеҷ ҷои гап надорад, яъне андешаи каҷ амалҳои каҷро ба миён меоранд... Фақат мо бояд ба кӯдакон фаҳмонем, ки ин ид аст ва танҳо дар ин рӯзҳо "идгардак" намудан ҷои айб надорад ва дар дигар ҳолату рӯзҳо албатта айб аст... Албатта ин ид аст ва бигузор кӯдакон ид кунанд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)