Раъйи мусбати парлумони Бритониё барои шинохти Фаластин
Парлумони Бритониё рӯзи душанбеи 13 октябр пас аз ҷаласаи 6-соата тарҳи ба расмият шинохтани давлати Фаластинро ба раъй гузошт ва бештари вакилон аз он пуштибонӣ карданд.
Ба асоси ин тарҳ, ки 274 раъйи мусбат дар баробари 12 раъйи мухолиф дарёфт кард, парлумони Бритониё аз ҳукумати кишвараш мехоҳад, то Фаластинро ба унвони давлати мустақил ба расмият бишносад.
Пеш аз ин Шветсия низ эълом кард, давлати мустақили Фаластинро ба расмият мешиносад. Ҷен Псаки, намояндаи ҳукумати Амрико аз ин иқдоми Шветсия интиқод намуда, онро “бармаҳал” унвон карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |