Ислом Каримов иҷлоси сарони кишварҳои узви ИДМ-ро “пиар” хондааст
Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон, иҷлоси сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақилро “пиар” хонда, даъват кардааст, дурнамоҳои ояндаи ин созмон баррасӣ шаванд.
Ӯ дар ҷаласаи ахири ИДМ дар Минск изҳор доштааст, муҳокимаи масоили марбут ба ИДМ бори дигар исбот мекунад, ки мо ба саволҳо таваҷҷуҳ намекунем. “Ман дафъаи аввал ҳам дар ин ҷо таъкид кардам, ки нишастҳои ба ин монанд давом мекунанд ва мо дар нишастҳои навбатӣ аз ин кишвар ба он кишвар сафар мекунем. Ман фикр мекунам, ин ҷуз “пиар” чизи дигаре нест. Аз ин лиҳоз, бо ҳамкорони дигарам мувофиқам, ки таъкид карданд, масоили ИДМ бояд ҷиддӣ дида шаванд”,-гуфтааст Ислом Каримов.
Ба таъкиди райиси ҷумҳури Узбакистон, рушди давлатҳои узви ИДМ дар қадами аввал аз худи онҳо вобастагӣ дорад: “Манзурам ин аст, ки ин давлатҳо бояд бо ҳамсояҳои худ “забон ёбанд”, сиёсати муассири иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дошта бошанд ва мардуми худро ба зиндагии шоиста бирасонанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |