Бахшҳо
13 окт 2014 11:14Тоҷикистон / Иқтисодӣ

“Дарди сар”-и Қосими Раҳбар

Навиштаи Маҳбатқадам, махсус барои “Озодагон”

Дар Тоҷикистон ду анъана аст, ки барои танзими онҳо на дастурҳои президент, на зӯри Маҳмадсаид Убайдуллоев ва на ҳушдори муфтӣ аз азоби сахт дар рӯзи қиёмат натиҷае надоданд. Ин ду анъанаи танзимнашаванда болоравии нарх дар арафаи ид ва поён нафуромадани онҳо ҳатто баъд аз ид мебошад.

Картошка, ки чанд ҳафта қабл як килои он ба ивази аз 2 то 2,3 сомонӣ фурӯхта мешуд, ҳозир дар аксари дӯконҳои Душанбе ҳудуди 2,8 сомонӣ нарх дорад. Ҳатто дар бозори “Шоҳмансур”, ки ҳамагӣ чандсад метр аз дафтари шаҳрдорӣ қарор дораду гароншавии нархҳо "сари чандин раиси ин бозорро хӯрдааст", картошкаи Мастчоҳ бегоҳи 12-уми октябр бо нархи 2,8 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Нархи “нони дуюм”-и мардуми Тоҷикистон боло рафт, гарчанде Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз тоҷирони кишвар хоста буд, аз идҳо сӯиистифода накунанду нархҳоро боло набаранд. Муфтӣ болобарии нархҳоро дар арафаи ид, ки ба ҳукми анъана даромадааст, як гуноҳи азим хонд: “Тоҷирон аз ҷашнҳо сӯиистифода мекунанд ва нархҳоро боло мебаранд, ки гуноҳи азим асту азоби дарднок дорад.”

Аммо тоҷиронро не азоби он дунё ва на дастуроти мақомот дар ин дунё аз боло бурдани нархҳояшон нигоҳ надошт.

Болоравии нархи картошка имсол барои Қосими Раҳбар, вазири кишоварзии Тоҷикистон ба истиллоҳ “дарди сар” шуда буд, ки дар ҷаласаи ҳукумат ба президент аз истеҳсоли 1 миллиону 115 ҳазор тонна картошка ҳисобот доду аммо дар бозор таъсираш ба назар нарасид. Шояд ин афзоиш танҳо дар қоғаз буд, ки нархи як кило картошка баҳори соли равон то 5 сомонӣ расид. Дар шарҳи ин болоравии нархи картошка масъулини Вазорати кишоварзӣ гуфтанд, Қосими Раҳбар дурӯғ гузориш надодааст ва воқеан ҳам дар Тоҷикистон беш аз як миллион тонна картошка истеҳсол шуд, вале то фарорасии баҳор он пӯсид.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи то 5 сомонӣ расидани нархи як кило картошка соли равон ба масъулини кишоварзӣ дастур дода буд, ки истеҳсолоташро зиёд кунанд. Зиёд на танҳо дар қоғаз ва ҳисобот, балки зиёди воқеӣ, ки ба нархҳои бозор низ таъсир расонад.

Аммо имсол ҳанӯз тирамоҳ асту ҳосилғундорӣ дар бархе аз навоҳии картошкапарвар ҳатто пурра ба охир нарасидааст, вале картошка майли гаронӣ дорад. Бармеояд, ки истеҳсолот боз на дар он дараҷаест, ки тавонад фаровонию арзониро дар бозори кишвар таъмин созад? Дар ҳоле, ки раисиҷумҳур пеши Вазорати кишоварзӣ ва Қосими Раҳбар вазифа гузоштааст, амнияти озуқавориро дар кишвар таъмин кунанд.

Дониста, фурӯшандаи маҳсулоти кишоварзӣ дар як дӯкони маҳаллаи “Испечак” мегӯяд, болоравии феълии нархи картошка ниҳоӣ набуда, аз қавли фурӯшандагони яклухти ин маҳсулоти кишоварзӣ афзуд, он дар ояндаи наздик боз қиматттар мешавад.
Мӯҳр
ронанда
Болоравии нархо аз тарозуи нав ки дар варзоб фаолият дорад вобаста аст Як копча орд то душанбе 8 сомони рохкиро дошт хозир 12 то 13 сом шид пиез картошка 1 кило то душанбе 0.18 дирам рохкиро дошт хозир 0.25 дирам

Халими дехкон
бачахо хамин сол картошка хосили хуб надода буд. Баъдан дар Хатлон хама заминхои обиро бог карда истодаанду, хамзамон намехоханд заминикишти пахта кам шавад. Картошка танхо дар омор... Бо ин хол мо наметонем накшаи картошкаро ичро кунем

Дар мавсими кишти бахори нархи як килло тухми картошка аз 3с.50д. то 5 сомони расида буд. Ба замми ин нархи сузишвори (1 лит= 6с.50д.), нурихои минерали (50 кг= аз 180с. то 240с.) ва дигар захрхимикатхо хеле хам боло рафт. Аз руи хисоби бештари дехконон харочоти як гектар картошказор ба хисоби миёна то 25 хазор сомони расида буд. Илова бар ин андозхои давлати, хакки хизматрасонии об низ ба болои он сарбори мешавад. Акнун худатон хулоса бароред, ки дехкон аз 1 гектар замин то 20 тонна хосил гирад маблаги он кадом харочотро мепушонад. Чаро нархи памидор бодиринг пиёз ва дигар махсулотхои полези ба фалак баромадааст касе дар ин бора гап намезанад факат дар бало мондаст картошкаи бечора, ки дехкон ба сад машаккат онро парвариш мекунад. Пас дехкони бечораи Мастчох ва Чиргатол зиндагиашро чи гуна саришта кунад???

Дехкон
Махмадкадами чуннн ин Шумо факат нархи картошкаву сабзии дехкони бечораро диди дар бозорхо? Як бор ба сари замин рафта ба катори дехконон кетманро гирифта ду бор бардошта зан ба замин нархашро 100 сомони мекуни. Фикр мекуни ба мисли имзо ба даст меояд хосили картошка нааа ба даст овардани хосили картошкаву сабзи шабхоии бехобии дехкон, дар хунукихо ба замин обмони бо пои лучу дили гушна дехкони бечора мехнат карда ба бозор мебарорад. Чаро факат картошшшшкаа сабзиии мегуед? дигар нарххоро чашмони Шумо намегузарад ё факат зур ба дехкони бечора мерасад ё дехкон дар бало мондааст? ДеХкОнИ бечораааа

Додар наход ту ин фиреби хукумата надони, Гумруки Точикистон хисоботи галат дадана шарм надошт ин як картошка аст додар хамаи ин хисоботи додагиашон бардуруг аст, Дат Точикистон хар соле садхо корхонаю корхоначахо ташкил мекунанду мардум хама дар мухочират аст ГЕС-хое ки сохта шудасту то хол чарог нест ин дуругхоро бовар накнен

Каримчон
косими рохбар аз масоили кишоварзи фарсаххо дур аст, нисбати атрофиён садокат, андеша, инсонгари умуман надорад.

патриот
Ман то хол як чизро аз ин маълумотхои пешниход гардида муайян карда наметавонам, ки бо истехсоли бардуруг нархро дар бозор чй тавр танзим кардан мумкин аст. Рохбарон ва мансаб дусторон бо ин роххо худро дар назди сардори давлат нишон медиханд, ки моён аз ухдаи вазифахоямон баромада истодаем. Дар омад омади сардори давлат рохбарони нохияхо заминхои нишон медодашударо шабу руз каравули намуда омода менамоянд ва бо таърифу фоидахои зиёд гирифтаашон хамаро дар хайрат мегузоранд. Аммо аз онхо ягон кас як бор напурсидааст, ки бо ин кадар фоидахои калон гирифтаатон барои чй аз музди мехнати ночиз, андозхои давлати, истифодабарии пули обу барк ва гайрахо карздоренд.
Аз хисоби аз як замин 2 ва 3 хосили бардуруг мегирифтаашон, холати заминхоро дида шахсро рахмаш меояд, ки ба ин дарача мо худро фиреб медихем. Дехконхои асил бо як хосили хакони мегирифтаашон чавоби се хосили бардуругро медиханд ва инчунин ба киштгардонии заминхо ахамият медиханд.
Нархро дар бозор талабот муайян мекунад, на ин ки маълумоти бардуруг, бинобар ин аз тарафи рохбарони макомотхои дахлдор бояд ба ракамхои когазин хотима дода, талабот ва тахлили бозорхоро дуруст омузанд.(барои ин нангу номус ва саводи иктисодй доштан зарур аст.)

Агронавт
Хайратовараш он хаст,ки дар бораи миллион тонна картошкаиистехсолшуда,садхо хазор тонна маваю сабзавоти истехсолшуда мегуянд,лекин махсулотхо хама карибхоричиянд.Факт дар дафтар хасту аслан заминхо зхосил намедиханд ва кам касон моили кор дар хочагии кишоварзиянд.Бисёрихо руссияравиро авлотар медонанд.Бо чунин амал обод кардани кишвар басо махол аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)