Бахшҳо
13 окт 2014 11:11Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Раҳоии ҳамлагар ба Баҳриддин Шаропов дар Маскав

Мақомоти пулиси шаҳри Маскав миллатгарои русро, ки ба иттиҳоми сӯиқасд ба ҷони Баҳриддин Шаропов, муҳоҷири тоҷик боздошт шуд, ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод кардаанд.

Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия, ки ин қазияро пайгирӣ дорад, 13 октябр дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, нафари ҳамлагар ба муҳоҷири тоҷик ҳоло дар озодӣ ба сар мебарад. Ба гуфтаи ӯ, алайҳи ин шаҳрванди Русия парванда ба иттиҳоми авбошӣ боз шудааст: “Пулиси Маскав барои таҳқиқи мушикофонаи ин қазия чандон майл надорад ва ҳатто нафари боздоштшударо ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист, раҳо кардааст”.

Раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия гуфт, ҳоло Баҳриддин Шароповро аз шӯъбаи эҳёгарӣ ба умумӣ интиқол додаанд ва табибон вазъашро на он қадар хуб арзёбӣ мекунанд.

Иззат Амон аз фаъолияти сафорат ва консулгарии кишвар дар Маскав шадидан интиқод карда гуфт, ба сарнавишти шаҳрвандони кишвари худ беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд: “То дишаб касе аз сафорат барои аёдати Баҳриддин наомада буд, ман намедонам, чаро барои онҳо тақдири ҳамватани худ аҳамият надорад. Агар як шаҳрванди Қирғизистон ё Арманистонро касе латту кӯб кунад, тамоми масъулини онҳо аз сафорат то ҷамъияту дигар созмонҳои ғайридавлатияшон гирди ҳам меоянд, аммо мутаассифона дар мо касеро пайдо намекунӣ”.

Баҳриддин Шарипов, сокини 26-солаи ноҳияи Рудакӣ шаби 11 ба 12 октябри соли ҷорӣ дар назди истгоҳи "Коломенское"-и шаҳри Маскав мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтааст. Ба гуфтаи худи Шарипов, ки ҳоло дар беморхонаи Коломенское бо захми се корд бистарӣ аст, ҳамлагарон се рустабор буда, бо нидои "Чурки, вон из России!" ба ӯ ҳамла кардаанд.

Ин муҳоҷири тоҷик чанд лаҳза баъд аз ҷарроҳии худ дар як навори видеоӣ, ки тавассути намояндагони Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия ба интернет роҳ ёфтааст, мегӯяд, дар яке аз дуконҳои шаурмафурӯшӣ, воқеъ дар назди истгоҳи "Коломенское" дар басти шабона кор мекард ва он шаб дар маҳалли кор танҳо буд. Ӯ бо вуҷуди вазъи бади саломатиаш аз афроди дар атрофаш буда хоҳиш дорад, ин хабарро ба пайвандони ӯ дар Ватан нарасонанд: “Хоҳиши ман ин аст, ки хонагиҳо нафаҳманд”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ээ точики бесохибимое барои чи инкадар бекадр шудем дар ватани худамон хитоихо дар болоямон зур хастанд якташа як чапалок зан ба худо касам бурда милисахои худамон махкамон мекнан лекин дар русия мардуми моро мекушанд боз чинояткорро рахо мекунан мерава чаро? Чунки миллаташон дар наздашон кадр дорад дар ватани мо хитои як милисаро 4 танга медихад касеро гуяд махкам мекунанд хукуматдорои мо миллатро ба 2 пули пуч мефурушанд вой бар холи мо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)