Бахшҳо

Шумо атеист, ман мусалмон. Таҳқир чаро?

Далер ШАРИФОВ

Гулнора Амиршоева, ки аз ӯ фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ном мебаранд, тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз намогузории оммавӣ дар рӯзи ҷумъа интиқод намудааст. Ростӣ, банда дар тааҷубам, ки як атеистро ба намози мардуми мусалмони Тоҷикистон чӣ кор бошад?! Хусусан, ҷумлаи таҳқиромези ӯ “Ба ҷои куфтани пешониатон дар замин, беҳтар аст, ки кор кунед” ба 99 дар сади мардуми мусалмони кишвар равона шудааст. Магар ин амал паст задан, таҳқир кардан, расидан ба номуси як мусалмон нест? Оё ин гуна ҳарфҳо кинаву адоват, нафрату бадбиниро дар ҷомеа ба вуҷуд намеоварад?

Ин хонуми атеист аз он шикоят кардааст, ки нисфирӯзиҳои ҷумъа наметавонад бисёриҳоро дар ҷои кор пайдо кунад. Ман намедонам ӯ ба куҷо муроҷиат кардааст ва киро дар ҷои кораш пайдо накардааст, ки боиси нороҳатиаш гаштааст. Аммо чанд нуктаро бояд таъкид намуд. Аввалан, дар Тоҷикистон кор аз соати 8-и субҳ оғоз шуда, то 5-и бегоҳ давом мекунад ва дар ин муддат дар ҳамаи корхонаҳои давлатӣ ва ҳатто хусусӣ аз соати 12:00 то 13:00 танаффус барои хӯроки нисфирӯзӣ муқаррар шудааст. Дар ин вақт мусалмонҳо, зардуштиҳо, будоиҳо ва атеистҳо аз кор озод ҳастанд. Кодекси меҳнат барои ҳамаи онҳо ин ҳақро баробар додаст. Дар масҷидҳои шаҳри Душанбе намоз бештари вақт соати 12:50 шурӯъ шуда, соати 13:00 ё 13:10 ба анҷом мерасад ва агар корманде аз идораҳои давлатӣ, вазоратҳо, беморхонаҳо, мактабҳо ё ниҳодҳои дигар дар ин намоз ширкат кунанд, метавонанд сари вақт ба корҳояшон бирасанд ва дақиқае аз вақти шуморо нагиранд.

Баъдан, тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва сохторҳои номбаршуда рӯзи ҷумъа бо реҷаи ҳарвақтаи худ фаъолият карда, аз ин ниҳодҳо шояд ангуштшумор нафарон дар намози ҷумъа ширкат намоянд. Аз сабабе ки шумо боре ҳам дар масҷид набудед, намедонед, ба ин ҷо кадом қишри ҷомеа бештар меравад, аз ин хотир интиқоди Шумо дур аз ҳақиқат аст. Ва хоҳиш, камбудиҳои имрӯзи ҷомеаро бар сари Ислому мусалмонҳо назанед!

Ба таваҷҷуҳи Шумо ва ҳамсангарони шумо мерасонам, ки ингуна амалу шиорпартоиҳо дар ҷомеа таҳқир ба ҳуқуқ ва имону эътиқоди мусалмонҳои кишварест, ки 99 дар сади онро мусалмон ташкил медиҳад. Намози ҷумъа дар пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон ба мисли Амрико, Фаронса, Олмон, Русия, Канада, Англия мушкилӣ эҷод накардааст ва Шумо боре шунидед, ки шаҳрвандони фаъоли ин кишварҳо барои ин амал шикоят карда бошанд? Оё дар кишваре, ки 99 дар сади он худро мусалмон медонанд, месазад, ки намоз, риш, ҳиҷоб, Қуръон, мушкил бошад? Магар ин нақзи ҳуқуқи мусалмонҳо ҳамчун шаҳрвандони баробарҳуқуқи Тоҷикистон нест?

Агар мо сар бар замин ё бар осмон мегузорем, ин ҳуқуқ, эътиқод ва имони мо мусалмонҳост. Ман аз атеистҳо хоҳиш мекунам ба Худо, пайғамбар ва намозу ибодати мо кордор нашаванд. Мо дар кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ зиндагӣ мекунем. Ман ҳамчун мусалмон ин ҷумлаи шумо “Ба ҷои куфтани пешониатон дар замин, беҳтар аст, ки кор кунед”-ро таҳқир ба яке аз рукнҳои асосии Ислом - намоз ҳисобида, онро ҳамчун амали тундгароёна медонам. Шумо агар атеист ҳастед, ин маънои онро надорад, ки ба торҳои ҳассос ва нозуки эмонии мусалмонҳо нохун бизанед ва бидонед.

Тайи чанд соли охир аз ҷониби баъзе ба қавле зиёиён ва рушанфикрон, монанди Бозор Собир, Комили Бекзода, Зиё Абдулло ва монанди хонум Гулнора Амиршоева фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳарфу шиорпартоиҳои ноҷо шунида мешавад, ки оқибаташ хайр нест. Аслан, шумо, ки Худоро қабул надоред, атеист ҳастед ё зардуштӣ ин ба ҷаҳонбинӣ ва интихоби шумо рабт дорад. Аммо шумо ҳақ надоред ҳеч яке аз муқаддасоти Исломро таҳқир кунед, бад бигӯед ва ё пешниҳоди манъ кардани онҳоро дошта бошед. Ин амали шумо метавонад ба унвони тундгароӣ ва ифротии дунявӣ таъриф шавад ва метавонад миёни мусалмонҳо хашму ғазаб ва бадбиниро ба вуҷуд биёрад.

Ман аз Шӯрои уламо, имом-хатибон, ниҳодҳои таъмини амният дар Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш мекунам ба масъалаҳое, ки адоват ва нафратро бармеангезад, расидагӣ намуда, пеши роҳи ин гуна шиорпартоиҳои таҳқиромезро бигиранд.

Ман мусалмонам ва аз мусалмон буданам ифтихор дорам! Тундгароӣ, ифротгароиро аз ҳарду ҷониб қабул надорам, аммо набояд касе арзишҳои эътиқодӣ, имонӣ ва боварҳои ману бародарону хоҳарону падарону модарони мусалмонро таҳқиру тавҳин ва нисбат ба онҳо беэҳтиромӣ кунад.


Аз идора: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ман нафахмидам, дар кучои суханони Гулнора тахкиру барангехтани кинаю адоват хаст? Хол он ки вай ними хакикатро хам хануз нагуфтааст.

Яъкуб. Душанбешахр.
Ахсан ба ин бародари донишманд.Бинед ,ки шахсе як масехиро аз ибодаташонро тахкиру танкид кунад дархол уро фанатик ваё тунраву тундгаро меноманд.Аммо дар кишваре ,ки 99%мусалмон хаст як атеист хамаро танкиду тахкир танкид мекунад хама хомуш хаст.Ачаб конунхо дорем,ки шахсе Рохбари давлатро танкид ваё тахкир кунад ба чавобгарии чинояти кашида мешавад.Аммо ин атеист кариб 8 миллионро танкиду тахкир мекунад ин озоди хасту демократия.....

Ташаккури зиёд бародар Далерчон барои чунин маколаи окилона.

Муслим
Дастат дард накунад бародар Далер! ман пешниход дорам ки фаолони чомиаи исломи чамъ шуда ин тухматгар ва тавхинагр ро ба суд диханд. аз номи хама мусалмонхои кишвар. агар пеши ин тахкир ро нагирем забони инхо дарозтар мешавад

Беном
Хамин "99 % ахолии Точикистон мусулмон аст" чи маъне дошта бошад, беинсофи-дуруггуи-фиребгари-порагири-хакки
дигаронро хурдан-ро 1% бокимонда мекарда бошад?

Зинда боши озодагон Чоп кардан гир натарс....

Дардошно
Нуктаи назари Далер Шарифов сад дар сад дуруст аст. Атеист хасти ё не, ин кори шахсии ту аст, туро, ки бовар надори ба дину ойин чи кор?! Бехтараш худатро эхтиром бикун. Аз андозаи хатти хукукат нагузар!

Далер ШАРИФОВ худованд нигахбонат бошад бародари мусулмон.Хаминаш намерасид бовар кунед мо мусулмонон ба касе кор надорем аммо зардушти ба мо кордорад атест ба мо кордорад хама ба мо мусулмонон кор дорад.

аҳмадчон
РАҲМАТИ АЛЛОҲ БА ШУМО ДАЛЕРЧОН АҲСАН БА ШУМО

Ватандуст
Дар давраи хассос чаро ингуна чуръат намуда миллат ва ватани ободи моро чи аз берун ва чи аз дохил аз бехиради ё баркасдона мехоханд бархам зананд. Хакикатан хам лозис аст, прокуратураи генерали ва амният махсусан сари ин масъалахо кор гирад. Як сухани ночо ва бемавкеъ чи аз зан бошад ва чи мард, босавод бошад ё бесавод метавонад дар хонаи ободамонро ба оташткашад. Обод карда наметавонед, чаро хомуш намеистед? Ин дини миллат аст, дини сарвари кишвар аст. Ва гуфтаи ту хилофи сарконуни кишвар аст

Асадулло
Аз ХУДОЧОН хохони онам ки ин бародари азизи моро Далерро дап панохи хифзи худаш нигах дорад. Ахсан ба Шумо рафшанфикри хакики на ба ном рафшанфикр мисли базехо

Шаҳрванд
Оё дар кишваре, ки 99 дар сади он худро мусалмон медонанд, месазад, ки намоз, риш, ҳиҷоб, Қуръон, мушкил бошад? Магар ин нақзи ҳуқуқи мусалмонҳо ҳамчун шаҳрвандони баробарҳуқуқи Тоҷикистон нест? Рост мегуяд мақомот бояд ба ин суол посух диҳанд,ки чаро сари роҳи инқадар ҳуқуқвайронкуниро намегиранд!

Ман мусалмонам ва аз мусалмон буданам ифтихор дорам! Тундгароӣ, ифротгароиро аз ҳарду ҷониб қабул надорам, аммо набояд касе арзишҳои эътиқодӣ, имонӣ ва боварҳои ману бародарону хоҳарону падарону модарони мусалмонро таҳқиру тавҳин ва нисбат ба онҳо беэҳтиромӣ кунад.
ЭЙ КОШ ҲАМА АЗ МУСАЛМОН БУДАНАШОН ИФТИХОР МЕДОШТАНДУ ДАР ҲАМАГУНА ТАҲҚИР ХОМУШ НАМЕНИШАСТАНД! ХУДОВАНД ШУМОРО НИГАҲБОН БОШАД ДОДАРИ АЗИЗ!

Офарин ба ту хамкасби гироми! Бехтарин суханонро гуфтиву далелхои дуруст оварди. Хамеша сарбаланду пешсаф боши!

Аслам
мо намози чумъа мешонем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)