Фармондеҳ бо доғи судӣ чӣ гуна ба Кумитаи амният роҳ ёфт?
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон як фармондеҳи қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар, Рустам Сагизови 31-соларо дар қаллобӣ муттаҳам мекунад.
Тибқи иттилоияи Оҷонсии мубориза бо фасод ин фармондеҳ, ки дар гирифтани 600 доллари амрикоӣ аз наздикони сарбоз муттаҳам мешавад, қаблан низ барои қаллобӣ суд шудааст.
Аммо Оҷонсӣ чӣ гуна роҳ ёфтани шахси маҳкумшуда ба Кумитаи амният ва таъинаш ба ҳайси фармондеҳ дар қушунҳои сарҳадиро шарҳ надодааст. Ин ниҳод мегӯяд, Сагизов, ки истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб аст, ба ҳайси командири ротаи таълимии қисми ҳарбии 2613-и Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон барои интиқоли як сарбоз аз қисми низомии ноҳияи Ҳамадонӣ ба гарнизони шаҳри Душанбе аз наздиконаш 600 доллар гирифта, ба манфиати худ истифода кардааст.
Оҷонсии мубориза бо фасод Сагизовро дар қаллобии такрорӣ муттаҳам карда, таъкид мекунад, ки феълан тафтишоти қазия идома дорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |