Ронандаи чинӣ дар Кӯлоб мағоза, 4 харидор ва 3 мошинро пахш кардааст
Як ронандаи чинӣ сари фармони мошини “Хова” дар Кӯлоб аз уҳдаи идораи он набаромада, се мошин ва мағозаи масолеҳи сохтмониро пахш кардааст, ки дар натиҷа се харидори мағоза ба ҳалокат расидаанд.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, сокини 33-солаи шаҳри Қошғари Чин, Амидҷон Маҳмад рӯзи 10-уми октябр ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Муъминобод ба Кӯлоб дар маҳаллаи Вализода аз уҳдаи идораи мошинаш набаромада, се мошини канори роҳ ва мағозаи масолеҳи сохтмонии “Самариддин”-ро пахш кардааст: “Дар натиҷа сокинони шаҳри Кӯлоб - Одинаев Бобохон, соли таваллудаш 1960, Садиров Умед соли таваллудаш 1984, Раҳматов Умед соли таваллудаш 1996, ки ба хариди масолеҳи сохтмонӣ машғул будаанд, ба ҳалокат расида, харидори 35-солаи дигар Давлатов Зокир ҷароҳат бардоштааст.”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, феълан ронанда Амидҷон Маҳмад ва Давлатов Зокир бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |