Намоз бо амниятиҳо ва мавъизаи Муфтӣ: Қувватов бевамонанд аст...
Намози ҷумъа, имрӯз, 10-уми октябр дар тамоми масоҷиди Душанбе зери назорати шадиди маъмурини амниятӣ баргузор шуд.
Тавре намозгузорон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, амниятиҳо ҳар нафарро назорат намуда, дархост карданд, ки таҷҳизоти электрониро ба масҷид ворид насозанд: “Аз ҷумла дархост карданд, ки ҳамаи намозгузорон телефонҳои мобилияшонро хомӯш кунанд.”
Ин тадобир дар ҳолеянд, ки Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мамнуъшудаи “Гуруҳи 24” мардуми Тоҷикистонро имрӯз, 10 октябр ба гирдиҳамоии эътирозӣ даъват карда буд.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ мавъизаашро зимни адои намози ҷумъа дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба “Гуруҳи 24”-и Умаралӣ Қувватов бахшид, ки ба гуфтаи ӯ нияти ноором сохтани ҷомеаро доранд. Муфтӣ, Қувватовро ба зани бевамонда монанд карда, ду оиларо мисол овард, ки дар якеаш сардор аст, баракату хайру оромист ва дар дигараш нооромию якдигарнофаҳмию зиддият ва “Гуруҳи 24”-ро аз ҷумлаи дуюмӣ хонд: "Имрӯзҳо қариб дар ҳар оила занҳои аз шавҳар ҷудошуда вуҷуд доранд. Ин таҳқир не, як воқеият аст. Вақте зан нокому бадбахт аст, вай дар мушкилоташ дигаронро гунаҳкор мекунад ва аз хоҳару келинҳояш қасос мегирад."
Муфтии Тоҷикистон дар идома аз мардуми кишвар тавсиф намуд, ки ба даъватҳои Қувватов пайравӣ накарда, ба гирдиҳамоӣ набаромадаанд ва даъват намуд, ки минбаъд низ ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳанд.
Абдулқодирзода зимни баёни пайомадҳои манфии гирдиҳамоӣ ва ошӯбҳои оммавӣ Украина ва Сурияро мисол овард, ки дар натиҷаи ошӯбҳо аз кишварҳои содиркунандаи молу маҳсулот ба давлатҳои муҳтоҷи нон табдил ёфтанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |