Шабистарӣ: "Раҳмон аз ҷумҳурии исломии Эрон бисёр-бисёр хафа буд"
Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО
Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, сафири пешини Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, дар ибтидои нооромиҳо дар Душанбе, Эрон ба қасди кӯмак ба минтақаи Кӯлоб рафт, аммо ба гуфтаи ӯ ҳокими он даврони Кӯлоб - Эмомалӣ Раҳмон бо хафагӣ аз ҷумҳурии исломӣ аз қабули кӯмак
даст кашид.
Ҷаноби Шабистарӣ ин нуктаро аснои суҳбат дар маҳфили “Гуфтугуи тамаддунҳо” иброз дошт. Ӯ дар идома аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳоло раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст, ёдоварӣ карда гуфт: “Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумҳурии исломии Эрон бисёр-бисёр хафа буд. Ин мушаххас буд. Мо як соат суҳбат кардем. Ман гуфтам, мехоҳам, ба Кӯлоб орд бифиристем. Оқои Раҳмон, ки аз мо хеле хафа буд, гуфт, “ба мо даркор нест”.
Ба қавли дипломати эронӣ, баъди он ки Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон шуд, аз ӯ ба хотири ин амалкардаш ӯзрхоҳӣ кард: “Ҳеч аз ёдам намеравад, вақте ки раиси ҷумҳур шуд, дар рӯзи маросими миллии мо, ки 11 феврал буд, бо иттифоқи тамоми кобинаашон ба бӯстонсаро омаду гуфт, ман аз ин кас узр пурсиданӣ ҳастам, чун ба ин кас гапҳои сахт гуфтам”. Ӯ гуфт, оқои Раҳмон бо амал нишон дод, ки шаҳомате дорад ва аққалан гузаштаро эътироф мекунад.
Шабистарӣ, ки дар ин маҳфил бештар дар мавриди ҷанг ва сулҳи Тоҷикистон суҳбат мекард, дар идома гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон дар ноамниҳои Тоҷикистон ҳеч саҳме надошт ва иттиҳомоте, ки дар робита ба кӯмаки Эрон ба тазоҳуркунандагон расонаӣ шуд, асос надорад: “Сиёсати давлати ман ин буд, ки ягон дахолате дар умури дохилии Тоҷикистон надошта бошад. Ба унвони мисол ҷони худамро барои сулҳи Тоҷикистон ба хатар андохтам. Бинобар ин агар ягон реге дар кафши ман буд, ман бояд пештар аз ҳама аз Тоҷикистон мерафтам”.
Бе Нурӣ, Тураҷонзода, Ҳимматзода сулҳ намешуд...
Ӯ таъкид кард, агар саҳми устод Нурӣ, Тураҷонзода, Ҳиммматзода набуд, даст ёфтан ба сулҳ имконпазир намешуд. “Ҳамин ҷо бояд бигӯям, агар оқои Раҳмон, устод Нурӣ, оқои Тураҷонзода ва Ҳимматзода гузашт намекарданд, мутмаинан ин сулҳ имконият пайдо намекард”.
Ба қавли ӯ, гузашти мухолифон заминаро барои дастёбӣ ба сулҳ фароҳам кард. Аммо афзуд, то чӣ ҳад тарафҳо дар тааҳудоти хеш пойбанд монданд, суолест ки бояд ҷомеи шаҳрвандии Тоҷикистон посух биҷӯяд.
Шабистарӣ дар бораи ДИИШ
Сафири собиқи Эрон дар Тоҷикистон ба масъалаи Давлати Исломӣ дар Ироқ ва Шом (ДИИШ) ҳам дахл карда, зуҳури ин гуруҳро бар зарари ҳам шиъа ва ҳам сунниҳо донист. Ба боварӣ ӯ, “он чи рухдода ин аст, ки чеҳраи Ислом махдуш шудааст. Шояд он нақшае, ки солҳои қабл бархе аз кишварҳои ғарбӣ
доштанд, имрӯз мутаассифона иттифоқ афтодааст. Дар вазъяте ки мо шоҳид ҳастем, ин ДИИШ-иҳо, Ал-Қоидаҳо, ҳар касе ки ҳаст, тавҳин мекунанд ба муқаддасот, одам мекушанд, инҳо мутмаинан исломӣ нестанд. ДИИШ мегӯяд ман мусалмонам, рӯза мегирад, намоз мехонад, аммо мо мегӯем инҳо мусалмон нестанд”.
Ва дар бораи баҳси сунниву шиа
Дар робита ба баҳси шиаву суннӣ дар Тоҷикистон оқои Шабистарӣ гуфт, ҳар касе ин баҳсро доман мезанад, ба мардуми ҳар ду кишвар хиёнат кардааст.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |