Бахшҳо
10 окт 2014 09:41Тоҷикистон / Акс / Тема дня

Овозаи Рустам беҳ аз Рустам: Душанбе орому хотирҳо парешон (АКС)

Овозаи митинги 10-уми октябр дар маркази Душанбе, ки аз баргузории он созмони мухолифи “Гуруҳи 24” хабар дод, хотири бисёриҳоро дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон парешон кардааст.

Абдураҳим, сокини Душанбе мегӯяд, аз субҳи имрӯз, 10-уми октябр наздиконаш аз навоҳӣ занг зада, дар бораи вазъи Душанбе суол мекунанд: “Ҳама як суол доранд, ки дар шаҳр чӣ гап? Тинҷист гуфтам ман.”

Мукаррама, як сокини 40-солаи маҳаллаи Дӯстии халқҳои Душанбе мегӯяд, ҳама ҷоро овозаи митинг фаро гирифтааст: “Мегӯянд, дар шаҳр ким чӣ гап аст. Митинг будай чӣ? Ҳамсоязанҳоямон мегӯянд, кӯдаконро имрӯз ба мактаб равон накунем, ки дар шаҳр чӣ гапе аст.” Суолҳо дар бораи вазъи шаҳр аз корбарони “Озодагон” дар хориҷи кишвар низ зиёд ворид мешаванд.

Тавре хабарнигори “Озодагон” аз хиёбонҳо, аз ҷумла майдони марказии Душанбе хабар дод, аз гирдиҳамоӣ дар пойтахт ба ҷузъ овоза дигар дараке нест. Ӯ афзуд, дар майдони Исмоили Сомонӣ теъдоди маъмурини пулис нисбат ба дигар рӯзҳо бештар ба назар мерасанд. Дар назди бархе аз масоҷид низ имрӯз маъмурини милиса навбатдорӣ карда истодаанд.

Дар ҳамин ҳол рӯзҳои охир тадобири амниятӣ дар Душанбе тақвият ёфта, теъдоди афсарони таъиноти махсус дар дохил ва даромадгоҳҳои пойтахти Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Қаблан Умаралӣ Қувватов, роҳбари “Гуруҳи 24” мардумро 10-уми октябр ба гирдиҳамоии эътирозӣ даъват намуд. Тавре назарпурсии “Озодагон” нишон дод, ин ташаббуси Қувватов дар Тоҷикистон тарафдоре надорад.

Бо вуҷуд мақомоти умури дохилӣ 4-уми октябр дар Душанбе машқҳои зидди ошӯбҳои оммавӣ гузаронданд, ки навори он аллакай ба интернет роҳ ёфтааст. Ин навор, ки зери унвони "Миттинг дар Душанбе" нашр шудааст, бисёриҳоро ба таҳлука андохта, аксари корбарон онро ҳамоиши воқеии оммавӣ дар Душанбе пиндоштаанд.


АКСҲО аз майдони марказии Душанбе, 10-уми октябр:

Овозаи Рустам беҳ аз Рустам: Душанбе орому хотирҳо парешон (АКС)

Овозаи Рустам беҳ аз Рустам: Душанбе орому хотирҳо парешон (АКС)

Овозаи Рустам беҳ аз Рустам: Душанбе орому хотирҳо парешон (АКС)

Овозаи Рустам беҳ аз Рустам: Душанбе орому хотирҳо парешон (АКС)

Овозаи Рустам беҳ аз Рустам: Душанбе орому хотирҳо парешон (АКС)

Овозаи Рустам беҳ аз Рустам: Душанбе орому хотирҳо парешон (АКС)

Овозаи Рустам беҳ аз Рустам: Душанбе орому хотирҳо парешон (АКС)

Овозаи Рустам беҳ аз Рустам: Душанбе орому хотирҳо парешон (АКС)

Овозаи Рустам беҳ аз Рустам: Душанбе орому хотирҳо парешон (АКС)

Овозаи Рустам беҳ аз Рустам: Душанбе орому хотирҳо парешон (АКС)

Овозаи Рустам беҳ аз Рустам: Душанбе орому хотирҳо парешон (АКС)

Овозаи Рустам беҳ аз Рустам: Душанбе орому хотирҳо парешон (АКС)
Мӯҳр
Асадулло
Мардум бегам бепарво кашту гузор кунед. Иншолох хичи гап нест ва хичи гап нахохад шуд.

Ман шахсан ба гурухи 24 ва Умарали Кувватов эьтикоде надорам ва уро хамчун пешво хисоб намекунам. Умарали дар даврони сохибкориаш бо домоди президент аз ягон камбудию беадолати сухан намегуфт чунки кору зиндагии худаш нагз буд имруз бошад баьд аз муносибаташ вайрон шудан бо инхо тез дар фикри миллату давлат задааст. Умуман ин одам дар байни мардум шаьну эьтиборе надорад ки мардум аз пушти вай ба майдон барояд

wgcyfhyvyf
мардуми бечора аслан дар фикри митинг нест ва дар пайи рузгораш, мутаассифона худи хукумату органхо вазъиятро бо вохимахои дуругину беасос ноором карда халкро ба тахлука андохтанд, бо як шухии Умаралии мукими Аврупо, дар чони хукумати хонаводаги ларза даромад. Дуздиро бас карда ватанро обод кунед, халк мефахмад, хулоса мебарорад.

Худованд Ватанамонро боз хам зебо гардонад то ки хеч гап нашавад.Асадулло,

Группа 24
Хахахахаааа......Шухия намефахмедми-а? Як шухи кардем-да

Точикандеш
Хеч гох миллати мо ба дассисаи митингбози бояд баъди вокеъахои соли 92 дода нашавад.Шукрона кунед,ки ободи шуда истодааст.Русхо низ мохи январи соли 1992 дар кишвари мо оиди митинги мохи майии шахри Душанберо овоза карда миллатро куштанд.Аз ин ру касе митингбози мекунад душмани миллати мост на чизи дигар!

Хахаха тарафдорони Кувватов дар Душанбе микдорашон имруз муаян шуд 0000000-нафар!!!!

шухратманд
Иншоллох хеч гап нест Точикистони азизи Мо боз хам зеботар мешавад. Душманони берун аз Ватан ин пешравии Точикистонро намехоханд.

ба ташабуси умарали кувватов чанд рузай ки барки мора хомуш накардестиян, ки митинг нашавад акаи умарали кувватов дар вакти сармо бо як хамихели овоза кунед боз ягонрузи дираг баркхоро хомуш накунанд

Илтимос шарх дихед сарлаваро, кист Рустам?? Умарали??? Охир вай як саге беш нест, копалтар карда гуем, як саги бах-бах!!! Хоин ва хилагар! Тамом!

hukumat boz hushyoru bokuvvat meshavad.in kuvatu puvat yak buzichaand digar davlathoi hamsoyavu dur maksadhoi nopok dorand.in buzakora duzdakoi kulob h a m a sh o n a basand.xrapi dushmano nagusasht.

bale ovozai rustam az fronti xalki omad in buzichaho hui xurdan xa xa xa xa.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)