Бахшҳо
09 окт 2014 14:13Тоҷикистон / Сиёсат

“Мавҷ”-и нави сайтбандиҳо дар Тоҷикистон. Ин бор торнамоҳои хабарӣ?

Чанд расонаи хабарӣ аз масдуд шудани торнамои худ дар қаламрави Тоҷикистон хабар додаанд.

Хабаргузории “Тоҷнюз” (Tojnews.org) ва Хадамоти хабарии Осиёи марказӣ - CA-News (www.ca-news.org) мегӯянд, дастрасӣ ба сомонаҳояшон аз рӯзи панҷшанбеи 8 октябр тавассути бархе провайдерҳо дастнорас шудааст.

“Тоҷнюз” бо такя ба як масъули Хадамоти алоқа гуфтааст, ин ниҳод ба ширкатҳои интернетрасон дастур додааст, муваққатан дастрасӣ ба сомонаҳои хабариро масдуд гардонад. “Ин тасмимро Хадамот имрӯз ба ширкатҳои фароҳамсози интернет ва ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон расондааст”,-менависад манбаъ.

Хабари масдуд шудани сомонаҳои хабарӣ дар ҳолест, ки қаблан аз дастнорас шудани наздик ба 300 торнамо, бо шумули Фейсбук, Википедиа, торнамоҳои хабарии Русия ва “сайтшиканҳо” иттилоъ дода буданд. “Азия Плюс” аз нақли бархе намояндаҳои ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет гуфт, амри бастани сайтҳоро бо як занги телефонӣ аз Хадамоти алоқа гирифтаанд. Аммо Бег Сабурӣ, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ба ИТАР-ТАСС изҳор дошта, ки дар мавриди бастани шабакаҳои иҷтитмоӣ ва торнамоҳои дигар дастуре надодааст.

Бархе соҳибназарон масдуд намудани торнамоҳоро ба сару садоҳо дар мавриди гирдиҳамоии эътирозӣ дар шаҳри Душанбе марбут медонанд. Дар мавриди ин гирдиҳамоӣ, “Гуруҳи 24”-и марбут ба соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов, ки имрӯз, 9 октябр Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияташро дар қаламрави кишвар манъ кард, хабар дод. Ба иттилои ин гуруҳ гирдиҳамоии эътирозӣ 10 октябр баргузор хоҳад шуд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
умарали кувватов магар монстр аст, ки барои у шуда торнамохоро мебастаанд?

хамихел давом тиен мардума акибмонда мекнен. Хамика акибмондаги бас нест.

john,
Пеш аз он ки дар бораи акибмондаги сухан гуи, якбор ба кишвархои собик Шурави назар кун ва баъд сухан намо. Аз лихози технологи ва комуникатсионию информатсиони Точикистон аз бархеи онхо пешрафтааст. Баъдан он сомонахое, ки суханони хиёнаткоронро мисли шахсони аъзои гурухи 24 нашр менамоянд, хатман бастан лозим. Онхо ба мардум ба гайр аз нотинчи чи овардаанд. Дар тамоми дунё давлатхо сомонахои нолозимро мебанданд. Точикистон низ бояд ин сомонахоро хатман бандад. Хусусан, Озоди, Азия плюс ва Озодагон.
Ин сомонахо барои Точикистон ягон фоида наовардаанд, факат мардумро ба гумрохи даъват менамоянд. Вакт хамаашро нишон хохад дод.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)