Бахшҳо
09 окт 2014 09:28Тоҷикистон / Акс

20 282 "класс"-и як акси ҷаҳонпаҳлавони тоҷик дар интернет

Як акси ҷаҳонпаҳлавон Сайидмуъмин Раҳимовро давоми камтар аз панҷ моҳ дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” наздики 20 ҳазору 300 нафар писандидаанд.

Ин аксро Муҳаммад Дӯстов, як корбари 19-солаи ин шабакаи иҷтимоӣ 20 майи соли равон гузошта ва дар шарҳаш бо русӣ навишта, "если не жалко наберем 20.000 класс". Ва то замони навиштани ин хабар акси мазкурро 20 282 нафар писандида ё “класс” гузоштаанд. 45 корбари шабакаи иҷтимоӣ онро ба саҳифаи худ кашида ва шумораи шарҳҳо ба 500 наздик аст.

Бештари шарҳнависон аз Сайидмуъмин Раҳимов ба унвони фахри миллати тоҷик ёд карда, дар ҳаққи ӯ дуо фиристодаанд. “Номбардори миллатро Худованд дар биҳишт нигоҳ дорад. Руҳат шоду хонаи охиратат пурнур бод, омин”,-навиштааст корбаре бо номи Толибшо Қурбонов. Искандар Муминов низ менависад, “Ҷаҳонпаҳлавон Сайидмуъмин Раҳимов беҳтарин қаҳрамони тоҷик дар дили халқ зинда хоҳад монд”.

Сайидмуъмин Раҳимов 15 июни соли 1946 дар рустои Ҷорубкули ноҳияи Совет (ҳоло ноҳияи Темурмалик) ба дунё омадааст. Фориғутаҳсили Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар соли 1974. Баъди хатми донишкада дар ҷамъияти варзишии “Ҳосилот” ба ҳайси мураббӣ ва сармураббӣ фаъолият кардааст. Баъдан сармураббии тими миллии Тоҷикистон оид ба самбо шуд. Аз соли 1995 то 26 январи соли 2004 райиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон ва солҳои 2004-2008 президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон буд.

Устоди варзиши Тоҷикистони шӯравӣ (1971), устоди варзиши СССР (1973), қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо (1973, 1975).
Сайидмуъмин Раҳимов 14 феврали соли 2009 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Шераки Сосони
устоди зиндаёд хамаги як маротиба соли 1975 дар мусобикаи Минск чемпиони чахон шуданд.Соли 1973 у чемпиони СССР шуда буданд.Баъдан у чемпиони Спартакиадаи халкхои СССР(Олимпиадаи СССР)буданд.У устоди спорти класси баналхалки буд.Озодагон дуруст нависон,хонандагонро ба иштибох набар!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)