Марзи Қирғизистонро акнун сокинони яроқдораш ҳифз мекунанд?
Парлумони Қирғизистон лоиҳаи қонун “Дар бораи сарҳади давлатӣ”-ро барои бори саввум мавриди баррасӣ қарор додааст.
Бар бунёди ин лоиҳаи қонун сокинони наздимарзӣ бо гирифтани маош ба дифои сарҳади давлатӣ ҷалб мешаванд. Бакит Тарабаев, вакили парлумони Қирғизистон ва мубтакири ин лоиҳа гуфтааст: “Мо дар ҳамкорӣ бо хадамоти марзбонӣ ва дигар ниҳодҳои зидахл ин лоиҳаро баррасӣ кардем ва чанд тағйиру иловаҳо ворид намудем. Ҳоло масъалаи додани силоҳ ва истифодаи онро ҳукумат бо иҷозаи хадамоти марзбонӣ иҷоза медиҳад”.
Ин лоиҳаи қонун аз ҷониби Анарбек Калматов, намояндаи ҳизби “Ар-Намис” ҳам истиқбол шудааст. “Як сокини Оқсу бо яроқи 16 калибра узбакҳоро 800 метр дур кард”,-гуфтаат ӯ.
Дастан Ҷумабеков, намояндаи ҳизби “Ата-Журт” пешниҳод кардааст, лоиҳаҳои ба ин монанд бояд паси дарҳои баста баррасӣ шаванд. Ин вакили парлумона гуфтааст: “Агар ҳамсояҳои мо аз ин гуна лоиҳаҳо бохабар шаванд фавран чунин қонунро қабул мекунанд ва ба шаҳрвандон яроқ медиҳанд, ки натиҷаи хавфнокро дар пай хоҳад дошт”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |