Худсӯзии соҳибкор дар Душанбе: Шарҳи расмии сӯхтор дар “СОДОТ”

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти сӯхтори маргбори 8-уми октябрро дар маркази савдои “Содот” шарҳ дода, гуфтааст, он дар натиҷаи худсузии соҳибкор Токов Олег ба вуқуъ пайвастааст.
Тибқи иттилоияи расмии ин ниҳод Токов Олег, соҳиби кошонаи ҳусни «Галина» бо истифода аз маводи кимиёии ороишӣ худсӯзӣ кардааст. Мақомоти умури дохили сабаби даст ба худсӯзӣ задани Токовро қарздор будани ӯ арзёбӣ мекунанд: “Ӯ аз ҷумла аз шаҳрвандон Толибов Бурҳониддин Соҳибназарович, сокини кӯчаи Алишер Навоӣ, 80 ҳазор доллар, Толибов Низом Соҳибназарович, сокини кӯчаи Яккачинор, 35 ҳазор доллар, Қудратов Баҳром Наҳтуллоевич сокини кӯчаи Саъдии Шерозӣ 47 ҳазор доллар, Алиев Фаридун, сокини кӯчаи Саъдии Шерозӣ автомашинаи тамғаи «Лексус» арзишаш 17 ҳазор доллар, аз «Спитаменбонк» 300 ҳазор доллар қарз гирифта, то ҳол қарзҳои гирифтаашро барнагардонидааст.”
Вазорати умури дохилӣ меафзояд, ки ҳамсари Олег- Алексеева Галина Юревна низ сабаби ба худкушӣ даст задани шавҳарашро қарзҳои зиёди пулӣ ва пайваста занг задани қарздиҳандагон гуфтааст. Ӯ таъйид намудааст, ки Олег рӯзҳои охир дар ҳолати вазнини рӯҳӣ қарор дошта, рӯзи 28-уми сентябри соли равон, тахминан соатҳои 14, худро бо шишаи тиреза як чанд ҷойи пойҳояшро бурида хуншор намуда, ҷароҳати ҷисмонӣ мерасонад.
Ба иттилои мақомот сӯхтор соати 10:34 дақиқа дар Кошонаи ҳусни «Галина»-и Маркази савдои «Содот», воқеъ дар маҳалллаи 46-уми Душанбе ба амал омад, ки дар натиҷа соҳибкор Токов Олег Михайлович, сокини 45-солаи кӯчаи Айнӣ ба ҳалокат расид. Ба гуфтаи мақомот тибқи тафтишоти пешакӣ ҳолати таркиш дар "Содот" ҷой надоштааст. Аксҳо аз назди бинои "Содот", ки баъди ду соати сар задани ҳодиса гирифта шудаанд: Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |