Амрико мехоҳад, Туркия дар мубориза бо ДИИШ фаъолтар бошад
Генерал Ҷон Аллен, фиристодаи вижаи Амрико дар эътилофи алайҳи Давлати Исломӣ дар Ироқ ва Шом (ДИИШ) барои дидор бо раҳбарони расмии Туркия 9 октябр ба Анқара хоҳад рафт.
Расонаҳои Туркия менависанд, Амрико мехоҳад Туркия дар мубориза алайҳи ДИИШ фаъолтар бошад. Ин дар ҳолест, ки Ҷен Псаки, намояндаи ҳукумати Амрико изҳор доштааст, Туркия ҳанӯз нақши худро дар эътилоф бар зидди ДИИШ мушахас накардааст. Аз ин пеш аз суҳбати телефонии Ҷон Керри, вазири умури хориҷаи Амрико бо Довудуғлӯ Аҳмад, нахуствазири Туркия хабар дода шуд. Мубориза бо “Давлати исломӣ” мавзӯи меҳварии ин суҳбат будааст.
Қаблан, нахуствазири Туркия гуфта буд, кишвараш дар сурати пайдо кардани дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ омода аст, барои саркуб кардани ДИИШ нерӯҳои заминии худро ба Сурия фиристад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |