Бахшҳо

Дуня Мятович сайтбандиро нақзи ҳуқуқи инсон хонд

Дуня Мятович, масъули Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бо пахши як иттилоия аз мақомоти тоҷик хостааст, сайтбандиро хотима дода, дастрасии озоди мардумро ба шабакаҳои интернетӣ таъмин намоянд.

Ба гуфтаи Мятович масдудсозии рӯзафзуни торнамоҳо дар Тоҷикистон мояи нигаронӣ ва ташвиш мебошад, чун мухолифи ҳуқуқҳои оддии инсон барои дарёфту интиқоли иттилоот ва озодии матбуот мебошад.

Гарчанде мақомоти тоҷик иддао доранд, ки ба сайтбандиҳо дахл надоранд, Мятович мегӯяд, онҳо масъули таъмини дастрасии озоди мардум ба иттилооту интернетанд ва бояд ба ин масъала расидагӣ кунанд. Ин масъули САҲА таъкид намудааст, ки ҳар гуна монеаэҷодкунӣ бояд аз тариқи қонун ва бар асоси тасмими додгоҳ роҳандозӣ шавад.

Ахиран дар Тоҷикистон ҳудуди 300 сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ дастнорас шуданд, ки ба гуфтаи коршиносон барои ҷилавгирӣ аз гирдиҳамоии эҳтимолӣ дар Душанбе равона шудааст. Қаблан Умаралӣ Қувватов, роҳбари созмони мухолифи “Гуруҳи 24” бо пахши як навор дар интернет аз баргузории гирдиҳамоии эътирозӣ дар рӯзи 10-уми октябр хабар дод. Додситонии кулли Тоҷикистон бо пешниҳоди аризаи даъвогӣ алайҳи “Гуруҳи 24” аз Суди Олии кишвар хост, онро экстремистӣ эълон намояду фаъолияташро манъ кунад. Қонеъ кардани ин даъво метавонад, заминаи ҳуқуқӣ барои ба ҷазои ҷиноятӣ кашидани эътирозгарони эҳтимолиро фароҳам орад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Бо хамин хукуки инсон гуфта, тамоми дунёро вайрон ва дар чанг андохтаед. Шарм кардан даркор Дуня Мятович. Сиёсати вайронкунанда, харобкунандаи бемаънии худро тахти никоби хукуки инсон воло хотима дихед.

.
Точикистон,

Бале, инсон хукук дорад ва онро бояд касе поймол накунад. Лекин ту баринхо, ки инсон будани худро кайхо фаромуш кардаед, ягон хукук надоред.

Justice
Сиди тихо Дуня! Когда запрещают хиджаб, сидишь и молчишь, радуешься, когда пытаются выйти в митинг, открываешь рот. Планы не сбились? Ты не сможешь получить обещанные премиальные твоих боссов? Не надо никого митинга. Восточные страны не могут культурно провести митинг. Обязательно кто-то погибает с двух сторон.

Чавоб ба мехмон. Ранги тубаринхо солхои 1992 хукукуки инсон гуфта Точикистони чоно чони моро кариб, ки пора пора мекарданд. Ин Дуня Мятович як агенти ЦРУ мебошад,ки манфиати як тарафро мебарад, дар он чое, ки тинчи амони инхо барин мехоханд, ки нотич кунанд.

Дуня Миятовичи мухтарам чаро аз сайтбандихои Украина харф намезанед. Чаро хизббандихои Украина харф намезанеду ёфтед Точикистони заифро, ки ба хар як тасмими мустакилаш вокуниш нишон медихед.
Шумо мисли хамон Воиз хастед ки дар минбар дигар чизу дар хилват вашее кори дигар мекунед. Ба хама як тарз муомила мекардед суханатон асар медошт.
Озодагон ташаккур барои минбар.

Мухтор
Барои чи хамин сайтхро мебанданд? Аз ин сайтбанди хеч фоидае нест. Хуб мешуд,ки хукматдорон кушиш ба харч медоданд,ки дар фасли зимистон чи тавр мардумро бо барк таъмин кунанд. 23 сол мешавад,ки хамин проблемаро хал карда наметавонанд,шармандагист. То нбо Рогун ба истифода дода мешавад,ки боз 23 соли дигар мегузарад. Ман пешниход мекунам,ки муносибатхоро бо Узбакистон таъгир дода аз онхо дар фасли зимистон барк харидори намуда ба ахоли фурухтан даркор хаст. Проблемаи барк дар он холат хали худро меёбад.

Шумо Ироку Сурияро бо хамин васила ба оташи чанг гирифтор кардед. Холо дар ин маинтка хамаруза садхо нафар кудаку модарон кушта мешаванд. Аз фурсатхои муносиб истифода карда, дар минтакахои зерихадафгирифтатон дар мавриди хукуку озодихои инсон барои амали кардани накшахоятон харф мезанед. Ба сиёсати давлати мо кордор нашавед! Аз гапхои шумо буи низоъ меояд.

кулоби
Ин Аврупоихо ва Амрикоихо мехохан ба воситаи демократияи дуругиншон мардуми точикро боз ба вартаи хуну оташ кашнд ва ин сайтхо дар ин масъала накши асосиро мебозанд чун, ки чавонони гумрох аз сиёсати палиди ин кишвархо огох набуда ба игвохои гурухои ифроти дода мешаванд. Точикистон демократи хам бошад давлат дар доираи конун хамаро назорат мекунад.

Точикандеш
Дар бораи кадом хукуки инсон мегуед хонума Дунё?Охир милати мазлуми фаластинро яхуд кушта нест кард,540 кудакро куштанд,лекин янкихо ва гарб хомуш буданд.Кишвархои ороми Ливия,Ирок,Тунис,Миср,Сурия,Яманро,ки ба ин хол фиканд?Оё хамон демократия ва ошкорбаёнии гарбиён набуд,ки кишвари озоди демократи ва осудахоли СССР(вокеъан дигар дар ду дунё чунин давлати демократие,ки дар парлумонаш коргару говчуш сенатор бошанд пайдо нахохад шуд!)-ро аз байн бурд ва то имруз тавозуну баробарвазнии куввахоро тагир ва саёраро ноором сохт.Имруз мо хуб медонем,ки тарики интернет шумо гарбиёни сифла андешаи мардумро дигар сохта минтакахоро ноором месозед.

Хонум Дуня Мятович хукуки инсон мегуед дар Точикистон поймол шуда истодааст бо бастани соайтхои бемани аммо дар Ирок. Сурия Афгонистон собик Югославия мардумро нест карда истодаед ин поймолкунии хукуки инсоневу хамин ду сайтро бастан поймоли хукуки инсон аст магар. Ё мардуми ин давлатхо барои шумо инсон нестанд. Точикистон аъзои СММ аст афсус агане хамин САХА умуман пеш кардан лозим аз ЧТ

"Бале, инсон хукук дорад ва онро бояд касе поймол накунад. Лекин ту баринхо, ки инсон будани худро кайхо фаромуш кардаед, ягон хукук надоред"

Барои мо сулх бехтарин неьмати Аллох аст...
Мо ягон майда фаромуш накардаем,ва ин миллатро ба хеч нархе нахохем фурухт мисли шумохо Умаралимонандхо....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)