Азҳар таҷлили Иди Қурбон дар рӯзи 5-умро ихтилофкорӣ донист
Донишгоҳи Азҳари Миср, яке аз маъруфтарин марказҳои таълимии аҳли суннат, таҷлили Иди Қурбони имсола дар таърихи 5 октябрро нораво дониста, онро омили ба вуҷудорандаи духурагӣ миёни мусалмонони ҷаҳон хондааст.
Доктор Ид Юсуф, дабири кулли Бахши фатвои Азҳар дар суҳбат бо расонаҳои мисрӣ гуфтааст, “таҷлили Иди Қурбон дар Мағриб (Марокаш), ки рӯзи 5 октябр сурат гирифт, аз нигоҳи шариати исломӣ дуруст набуд, зеро ин амал хилофи одоти мусалмонон ва таҳдид ба муттаҳидии онҳо маҳсуб мешавад”.
Ба гуфтаи ӯ, сокинони Мағриб бояд дар муайян кардани рӯзи Иди Қурбон баробари дигар кишварҳои исломию мусалмоннишин аз Арабистони Саудӣ пайравӣ мекарданд: “Намози ид ва рӯзаи рӯзи Арафаи мағрибиҳо ботил аст”.
Ба дунбол, сафорати Мағриб дар Миср бо нашри як раддия иддаои руҳониёни Азҳарро бепоя хонда гуфтааст, ин кишвар Шӯрои уламои худро дорад ва бар асоси таҳқиқи ин ниҳоди вижааш сокинони он аз Иди Қурбон 5 октябр таҷлил кардаанд.
Иди Қурбон яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон аст, ки ҳамасола рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа, пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр таҷлил мешавад. Аксар давлатҳои исломиву мусалмоннишин, бо шумули Миср, Фаластин, Тунис, Ироқ, Яман, Урдун, Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Судон, Сурия, Уммон, Туркия, Афғонистон, Русия, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Узбакистон дар муайян кардани ид ба Арабистони Саудӣ пайравӣ карда, 4 октябрро Иди Қурбон эълон кардаанд. Аммо Ҷумҳурии исломии Эрон дар баробари ду кишвари африқоӣ- Мағриб (Марокаш)-у Мавритания ва Тоҷикистон 5 октябрро рӯзи даҳуми моҳи зулҳиҷҷа дониста, дар ин рӯз аз Иди Қурбон таҷлил карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |