Бахшҳо
13 сен 2011 07:58Гузориш

Як бому ду ҳаво дар «Зарафшон»

Маоши кормандони хитоӣ дар муқоиса ба коргарони тоҷик даҳҳо маротиб боло буда, чиниҳо ҳудуди 2000 доллар ва аз он бештар ҳақмузд дарёфт мекунанд, дар ҳоле ки ҳам хитоиҳо ва ҳам коргарони маҳаллӣ ҳамон як корро дар як сурат анҷом медиҳанд.


Беш аз 1500 нафар кормандони корхонаи заршӯии муштараки Тоҷикистону Чин- «Зарафшон» бо нишони эътироз аз камии маош   ва шароити номусоиди кор аз масъулони коргоҳ тақозо намудаанд, ки дар шароити гаронии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ва рӯзгор дар пардохти ҳақмузди онҳо таҷдиди назар шавад. Дар сурати акс онҳо омодаанд, ки даст ба эътисобу корпартоӣ зананд. Феълан, гурӯҳи коргарони ҷамъомада дар муқобили  Бобохон Бобохонов, роҳбари бахши тоҷикистонии коргоҳ, иҷрои ду даъвояшонро тақозо доранд: 1) Боло бардоштани моҳонаи коргарони маҳаллӣ. 2) Мавлуда Ҳошимова, мудири шӯъбаи кадрҳо  ва Туйғунов ҳуқуқшиноси корхона аз вазифа сабукдӯш карда шаванд.

Ба таъкиди коргарон ин мушкилот бойис гаштааст, ки онҳо гирдиҳам биёянд ва талабҳои худро пеш гузоранд.

Дастури раисиҷумҳур дар «Зарафшон» амалӣ намешавад?

Бобосафо Неъматов, корманди коргоҳ ва яке аз роҳбарони гирдиҳамоӣ зимни як сӯҳбати телефонӣ ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт, ҳадафи аслии ин эътироз аз он иборат аст, ки коргарони бумӣ аз камбуди маош ва шеваи нодурусти кор азият мекашанд, аммо масъулин барои беҳтар гардонидани шароити кормандон чораҳои муассир намеандешанд. Ҳамсӯҳбатамон афзуд, дар моҳи августи соли равон зимни боздиди худ раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҳар ду ҷониб дастур дода буд, ки моҳонаи кормандони маҳаллӣ ду баробар боло бурда шавад, аммо   ин супориши президент дар ҳаво муаллақ монд ва касе аз роҳбарон парвои инро надоранд, баръакс ҳақмузди коргарон дар моҳи ахир коҳиш ёфтааст.

Турсуналӣ Мирзоалиев низ аз ҷумлаи кормандони корхонаи «Зарафшон» аст, ки чанд моҳ боз ваъдаи боло бурдани маошашро аз масъулин мешунавад, аммо ваъдаи эшон ҳеч не ки дар амал иҷро шавад. Мирзоалиев мегӯяд, аз ҳама «аҷибаш» ин аст, ки дар моҳи июл 780 сомонӣ моҳона гирифтам, аммо дар моҳи август ҳамагӣ 550 сомонӣ…

«Код»-у «рамз»-ҳои «Зарафшон»

Хушдили Абдуғаффор, корманди рӯзномаи «Зарафшон» -и Панҷакент, ки шоҳиди бевоситаи эътирози кормандон аст, ба ин назар аст, ки аксари ислоҳталабон коргарони кирояи коргоҳанд, ки дар басти шабона фаъолият доранд. Бино ба гуфти ӯ, ин коргарон барои як соати кори сангин дар шахта ҳамагӣ 1 сомону 80 дирам ҳақмузд мегирифтаанд, ки барои баровардани ниёзҳои иҷтимоӣ дар рӯзгорашон ва маишати хонавода нокифоя аст. Хушдили Абдуҷаббор мегӯяд, эътирози кормандон дар ҳоле сурат гирифтааст, ки дар моҳи   август музди кори онҳо бамаротиб коҳиш ёфтааст ва бархе кормандон навтавонистаанд, тавассути кортҳои плостикӣ моҳонаи худро дарёфт кунанд.

«Коргарон изҳор доштанд, ки кортҳои плостикие, ки  аз «Агроинвестбонк» дастрас гаштаанд ва масъулини коргоҳ ба онҳо додаанд, рамз ё ба истилоҳ «код» мепурсанд, аз ин рӯ гирифтани пул барои онҳо ғайриимкон шудааст».

Ин ҳам дар холест, ки сар аз нимаҳои соли 2010 дар Тоҷикистон системаи пардохти банкоматии моҳона тариқи кортҳои плостикӣ барои шаҳрвандон  дар бонкҳо рохандозӣ шуд ва бо дастури масъулини сохторҳои кишвар ин низом барои тамоми коргарони муасиссаҳои давлатӣ аз ҷумла омӯзгорону пизишкон ва дигар кормандони соҳа ба таври ҳатмӣ ҷорӣ карда шуд. Аммо ин суол ба масъулини коргоҳи «Зарафшон» ва пеш аз ҳама муҳосиби он аст, ки робитаи қавӣ бо бонкҳоро доранд: Чаро дар кортхои плостикии кормандон код ва ё рамзҳои изофӣ ворид шудаанд?!

Дида мебароем: Аммо кай номаълум!

Бобохон Бобохонов, роҳбари тоҷикистонии коргоҳи заршӯии «Зарафшон» мегӯяд, шояд ин хато  аз ҷониби муҳосиби коргоҳ рух додааст ва дар рӯзҳои наздик ҳалли худро меёбад. Мутмаинам, ки дар рӯзҳои наздик ин мушкилро ҳал мекунем. Аммо ба ин суол, ки чаро   кормандони коргоҳ ноумедона сӯҳбат мекунанд ва ба ваъдаҳои шумо бовар надоранд, Бобохонов танҳо илова кард, ки мардум ҳоло корҳои   моро хуб дарк намекунанд, мо чораҳои зиёдеро барои беҳтар шудани маошу зиндагии онҳо андешида истодаем. Аз ӯ пурсидем, ки дастури раисҷумҳур дар мавриди боло бурдани ҳақмузди коргарон чаро ба сурати иҷро надаромада:

-«Мо оиди ин масъала кор бурда истодаем ва кӯшиш карда истодааем, ки моҳҳои наздик маоши кормандонро  боло бардорем»,-афзуд Бобохонов.

Зимнан, ба гуфтаи Бобохонов дар корхонаи муштараки «Зарафшон» шумори кормандони маҳалӣ 2080 нафар будааст, ки аз ин шумор 1930 нафар ба таври доимӣ ва 150 нафари дигар ба таври шартномавӣ кор мекунанд. Ӯ гуфт, ки дар қатори кормандони маҳаллӣ 255 нафар коргарони чинӣ низ фаъолият мекунанд. Оқои Бобохонов дар мавриди  моҳонаи кормандони хитоӣ дар муқоиса ба кормандони маҳаллӣ, чизе нагуфта, хомӯширо авло донист.

Дар ҳамин ҳол, Бобосафо Неъматов, корманди маҳаллии корхонаи «Зарафшон» мегӯяд, маоши кормандони хитоӣ дар муқоиса бо онҳо даҳҳо маротиб боло буда, чиниҳо ҳудуди 2000 доллар ва аз он бештар ҳақмузд дарёфт мекунанд, дар ҳоле ки ҳам хитоиҳо ва ҳам коргарони маҳаллӣ ҳамон як корро дар як сурат анҷом медиҳанд

Неъматов дар идомаи сӯҳбаташ афзуд, ахиран арзиши 1 кило тилло дар бозори ҷаҳонӣ ба 62 ҳазор доллар баробар шудааст, мутаасифона моҳонаи коргарони маҳаллӣ дар корхонаи тавлиди тиллои «Зарафшон»- и Панҷакент ҳамоно бетағйир боқӣ мемонад.

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Хитой -«Зарафшон» аз корхонаҳои маъруфи тавлидоти тилло маҳсуб шуда, ҳар моҳ ба ҳисоби расмӣ 125 кило тилло  истеҳсол мекунад. Қаблан ин коргоҳ фаъолияташро бо як ширкати бритониёӣ ба роҳ монда буд, аммо дар чанд соли охир ҳамроҳ бо ширкати  «ZiJin Mining Group Co.Ltd» фаъолият мекунад ва 75 дарсади фоидаи он дар ихтиёри ин ширкт буда, танҳо 25 дарсади он ба Тоҷикистон мутаалиқ аст.

Бунбаст…

Гирдиҳамоии кормандони корхонаи «Зарафшон» алайҳи масъулини ин ширкат рӯзи 11-уми сентябр, ҳамагӣ пас аз ду рӯзи таҷлили 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон оғоз гардид.Аксари кормандони коргоҳ бо баргузории ин ҳамойиш, ки як навъ эътирози гурӯҳӣ унвон мешавад, аз масъулини коргоҳ хостаанд, ки ба ваъдаҳои худ вафо карда, маоши кормандонро боло баранд.

Аммо суоли боз ҳамоно ин боқӣ мемонад, ки оё пас аз ин эътирози оммавии коргарон, ки кулли кормандони сохторҳои қудратӣ ва далатиро дар Панҷакент ба ташвиш овардааст, масъулини ширкати муштараки «Зарафшон»  аз кадом шева истифода хоҳанд кард: Маоши коргаронро боло мебаранд ва ё хайр? Гузашта аз ин, оё дастури раисҷумҳур аз сӯи роҳбарони корхона иҷро мешавад ва ё вазъ бетағйир боқӣ мемонад?

Қамари Аҳрор{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)