Бахшҳо
07 окт 2014 14:09Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Норозигӣ аз "нархномаҳои идона"-и "Осиё Экспресс"

Бархе сокинони кишвар аз болоравии нархи чиптаи мусофирбарҳои ширкати "Осиё Экспресс" дар рӯзҳои ид шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, масъулини ин ширкат аз рӯзҳои ид ва сафари зиёди одамон аз пойтахт ба минтақаҳо истифода карда, арзиши билетро боло мебаранд.

Суҳроб, як сокини ноҳияи Қумсангир ва донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои кишвар, ки 4 октябр, дақиқтараш як рӯз пеш аз Иди Қурбон аз шаҳри Душанбе ба зодгоҳаш тавассути мусофирбари "Осиё Экспресс" сафар кардааст, мегӯяд, як чиптаи мусофирбари ин ширкат тавассути хатсайри Душанбе-Дустиро 35 сомонӣ харидааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, дар рӯзҳои муқаррарӣ он 30 сомонӣ нарх дорад: “Қиматшавии билет дар арафи идҳо аз роҳкиро то маводи ғизоию либос бори аввал нест. Албатта, дар гузашта таксиҳо нархро баланд мекарданд, мо мегуфтем, инҳо расмӣ нестанду худсарона ин корро мекунанд ва ба низом дароварданашон мушкил аст. Аммо "Осиё Экспресс", як ширкати бузургу бодабдаба аз таксиҳои оддӣ гузаронд. Ҳар вақт соли нав ё рӯзҳои ид наздик мешавад, арзиши чиптаи ин ширкат боло меравад” .

Суҳроб гуфт, ин бори аввал нест, ки ширкати мазкур дар арафи рӯзҳои ид нархи чиптаи мусофирбарҳои худро боло мебарад. Ба қавли мусоҳиби мо, дар арафи Иди Фитр низ ин ҳолат вуҷуд доштааст: “Дар Иди Фитр низ ҳамин хел қиммат карданд. Вақте мо эътироз кардем, чиптафурӯши автобус гуфт, ин тасмими худи ширкат аст, метавонед тамос гирифта пурсед”.

Дар ҳамин ҳол, як намояндаи ширкати "Осиё Экспресс" бидуни ифшои номаш болоравии нархи чиптаи мусофирбарҳоро дар суҳбат бо “Озодагон” таъйид кард. Ӯ гуфт, нархномаи нави чиптаҳо ҳамагӣ се рӯз амалӣ шуда, баъд аз рӯзҳои ид боз дубора бо нархи пешина фурухта мешаванд: “Аз 5 то 7 октябр нархи як чиптаи автобус тавассути хатсайри Душанбе-Дӯстӣ 35 сомонӣ муқаррар шуд”.

Ширкати Осиё Экспресс, ки гуфта мешавад, ба Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи эронӣ дар Теҳрон тааллуқ дорад, баҳори соли 2013 кори худро дар Тоҷикистон ба роҳ монд. Моҳи октябри соли 2012 Маҷлиси Намояндагон бахше аз тиҷорати онро аз андоз озод намуд. Ин ширкат дар оғози кор 40 адад автобусу сад худрави истеҳсоли Олмонро ба Тоҷикистон ворид кард.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
САИД==АЗ РУСИЯ
Рости бароддарон як чизи ачибаст дар кишвари мо Точикистон, ки хамеша нарху навои хатсайрхо ё хавопаймо як хел нест хамеша дар холи тагийр ёбист.. Рости ин гуфтахои бародарони донишчуй хеле ба мавридаст, ки вакти муштари зиёд шуд хамон карад нархро мебардоранд, лекин дар дигар давлатхо ингуна нест аз чумла дар Киргизистон, Узбакистон, Казокистон ва гайра.... Вакто, ки мо аз русия ба точикистон сафар мекунем дар гами гирфтани чипта мешавему рохи арзониро мекобем аммо хамкорони мо аз кишвархои хасоя, ки номашонро дар боло зикр кардем дар хайрат мешаванд ва мегуянд, ки барои рафтани мо ба кишварамон хеч монеъ нест харвакто, ки хохем нархи чунпештара ба маблаги 200 ё 250 долар чипта гирифта меравем... Аммо дар мо чи вакти сузони русияравии мухочири бечораи точик як чиптаи ба маскав то 700-800 долар мехезад... инро шикастани мардуми точик мегуянд ба кавли дигар манаполия..

Darvesh
САИД==АЗ РУСИЯ,
1 Jahon tashakur karda garden hamash nagz meshava.

Мадина
Рости гап хизматрасонияшон тамоман суст аст. Намедонам маъмурият аз ин кор хабар дорад ё не лекин рузи иди Курбон сахари аз соати 6 то соати 8:00 ман ба раками 1616 чанд бор занг задам ва мехостам ки такси кироя кунам. Вале пайваста оператор ба ман чавоб медод "Муштарии мухатарам мутаассифона ягон ронанда чавоб надода истодааст ва дар тарафи Шумо хам такси нест хол он ки хонаи ман дар наздикии Автовокзал чойгир аст. Мардум мехохад ки аз хизматрасонии таксихои Шумо истифода намояд вале афсус инро кормандони Шумо бо сабаби танбал буданашон намехоханд. Хол он ки Шумо 24 соат дар хизмат реклама карда мегардед лекин аз соати 20:00 дигар 1616 умуман чавоб намедихад. Афсус

И точикои мо як макола доранд ку бозор агар бардошт зам кун агар паст кард кам кун

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)