Бахшҳо
07 окт 2014 09:16Тоҷикистон / Акс / Тема дня

Дастури генерал: Милисаҳоро низ минбаъд гӯш ва сабт мекунанд (АКС)

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо вуруди таҷҳизоти махсуси рақамӣ гуфтору рафтори кормандони милисаро зимни адои хизмат назорат ва сабт хоҳанд кард.

Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, таҷҳизоти нав бо дастури вазир, генерал-лейтенант Рамазон Раҳимзода ворид гардида, он дар либоси низомии кормандони милитсия, аз ҷумла нозирони БДА насб хоҳад шуд: “Таҷҳизоти мазкур имконият медиҳад, ки нозирони дахлдори мақомот тамоми ҳаракат, муносибат, муошират, аз ҷумла ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, муносибати берун аз доираи одоб ва этикаи касбӣ, рафтори дағалонаи кормандони мақомот ва шаҳрвандонро пурра сабт намоянд. Ба ин васила бо ёрии таҷҳизоти мазкур сабти навор ва овоз гирифта шуда мустақиман ба автомашинаи патрулии махсусгардонидашуда расонида мешавад.”

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон муътақид аст, ки бо таҷҳизоти назоратӣ дағалию беэҳтиромии кормандони қудратӣ нисбати якдигар ва шаҳрвандон пешгирӣ хоҳад шуд: “Таҷҳизоти зикргардида маърифати муоширати кормандони мақомоту шаҳрвандонро баланд бардошта, рафти адои хизматбариро ба низоми муайян медарорад.”



Мӯҳр
..
Ин хели кунед, хамаи гаишникхо ариза дода аз кор мераванд. Агар онхо як чиз ним чиз аз ронандахо канда нагиранд, магар кор мекунанд?

Лола
Кормандони милиса хам содда нестанд рохша алакай фикр кардиян

Шамсидин аз
аз Макомоти кудрати хохиш мекунем ки дар даруни миллиса хонахо дар утокхой кори ин наворбардорхоро насб кунед пулхой асоси дар кабинето аст на инки дар берун дар гай республика даруни реода дар кабинето насб кунед бисёр хуб мешавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)