5 медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиё-2014
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XVII Осиё, ки дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, соҳиби панҷ нишон - 1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд.
Медали тилоии сабқатро Дилшод Назаров дар гурзандозӣ миёни мардон соҳиб шуд. Залимхон Юсупов дар мусобиқаи гуштии озод дар вазни то 65 кило нишони нуқраро ба гардан овехт. Фарҳод Неъматов дар вазни то 80 кило, Алишер Гулов дар вазни + 87 кило ва Моҳрӯ Ҳалимова дар вазни + 73 медали биринҷии сабқати таэквондоро ба даст оварданд.
Имрӯз, 4 октябр расми пӯшидашавии Бозиҳои Осиё-2014 баргузор мегардад. Парчами Тоҷикистонро дар ин маросим Моҳрӯ Ҳалимова, ягона бонуи варзишгари тоҷики соҳибмедал мебардорад.
Дар Бозиҳои XVII Осиё Тоҷикистонро 90 варзишгар дар 16 намуди рақобатҳо - бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, волейболи соҳилӣ, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, дзюдо, камонварӣ, каратэ, қаиқронӣ, софт теннис, таэквондо, тирандозӣ, ушу, футбол ва шиноварӣ намояндагӣ карданд. Акс аз Радиои Озодӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |