Як тоҷири бозори «Ганҷина» дар маҳаллаи Калинини пойтахт мавриди ғорати шахси номаълум қарор гирифтааст.
Бино ба иттиллои вазорати умури дохила, ҳамёни Дилноза Ғаюроваро дар назди қаҳвахонаи «Дӯст»-и ин маҳалла аз дасташ ба таври зӯроварӣ рабудаанд, ки дар дохилаш 2365 сомонӣ доштааст. Аснои баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз сӯи кормандони милиса бо иттиҳоми дуздӣ Раҷабалӣ Раҷабови 33- сола, сокини кӯчаи Семёнов, хонаи 7 боздошт гардид. Айни замон тафтиши қазияи муҷрим идома дорад. {jathumbnail off}
Мӯҳр