АКС: Ярмарка ва навбатпойӣ барои гӯшти 33-сомонӣ дар Душанбе
Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишварзию саноатӣ, ки имрӯз, 3 октябр ба муносибати Иди Қурбон дар назди бозори “Шоҳмансур”-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, сокинон барои харидории гӯшти гов навбат мепоиданд.
Чанд тан аз сокинон дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфтанд, танҳо дар ҳамин нуқтаи гӯштфурӯшӣ нархи як килло гӯшти гов 33 сомонӣ аст. Ба гуфтаи онҳо, дар дохили бозор гӯшти гов чун ҳаррӯза 36 сомонӣ нарх дораду аз ин ҳам гарон мешавад.
“Агар дар нуқтаҳои гӯштфурӯшии дигар ҳам монанди ин ярмарка нархи гӯшт 33 сомонӣ мешуд, хубтар буд. Инҷо одам хеле зиёд аст”,-гуфт як сокини шаҳри Душанбе.
Хабарнигори “Озодагон”, ки аз ин ярмарка дидан кард, мегӯяд, нархи маҳсулот дар қиёс ба дохили бозори “Шоҳмансур” нисбатан арзонтар аст: “Масалан, як халта орди навъи якуми Қазоқистон 137 сомонӣ нарх дорад, дар ҳоле ки онро дар бозор 150-155 cомонӣ мефурӯшанд. Як килло ангур дар бозор аз 8 то 20 сомонӣ аст, дар ярмарка аз 5 то 7 сомонӣ”.
Харидорон ба хабарнигори “Озодагон” гуфтаанд, дигар навъи маҳсулот, аз қабили шакар, биринҷ, равған ва пиёзу картошка низ дар ярмарка нисбатан арзонанд.
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишварзию саноатӣ дар “Бозори Саховат”, “Бозори Деҳқон”, “Бозори Қарияи боло” ва дигар бозорҳои хусусӣ 3 - 4 октябр доир карда мешавад.
Қаблан, шаҳрдории Душанбе хабар дода буд, нархи маводи ниёзи авваларо дар арафаи Иди Қурбон, ки дар Тоҷикистон 5 октябр таҷлил мегардад, таҳти назорат хоҳанд гирифт. Ба иттилои идораи рушди иқтисод ва савдои Душанбе нархи гӯштро, ки серхаридортарин маҳсулот дар Иди Қурбон аст, дар ҳадди 34 сомонӣ барои як кило нигоҳ хоҳанд дошт. Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ ҳафтаи гузашта дар намози ҷумъа аз тоҷирони кишвар хост, аз омад-омади Иди Қурбон сӯиистифода накунанду нархҳоро боло набаранд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |