Мулло Хайриддин: Дар бораи ваҳҳобиву салафӣ, рақсу бозӣ ва Эмомалӣ Раҳмон

Мулло Хайриддин Абдуллоҳ, роҳбари Кумитаи дин дар назди Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия иддао дорад, муассиртарин роҳи мубориза бо гуруҳҳои тундгаро таҷрибаи Рамзан Қодиров, райиси ҷумҳури Чеченистон аст, на “сиёҳкуниву намоиши фосиқону ҷодугарони дар лиқои муллову ҳоҷӣ даромада” дар садову симои давлатӣ. Ӯ дар матлабе менависад, “Қодиров барои сарнагун кардани гуруҳҳои ваҳобияву салафияи дар кишвараш буда, телевизору радиёву матбуотро дар ихтиёри мулоҳову донишмандон дод, барои мардумро огоҳ кардани ин гуруҳҳои хатарнок ва исботи ноҳақ будани он гуруҳҳо. Ва баъдан он касонеш, ки саркашиву нописандӣ карданд ба зиндон шинонд”. Ҷаноби Абдуллоҳ ин матлабро унвонии “Озодагон” ирсол кардааст, ки ҳоло пешниҳоди хонанда мешавад.
Ҳар кӯдаки тоҷик муалими пирони дигар миллатанд
Аз арзи ҳастии дини мубини Ислом то ба кунун анқариб понздаҳ қарн паси сар шудаву бо покиву зебоипарастияш одамиро ба дунёи одамдустӣ ҳидоят кардаву пайдоиши инсонро дар зиндагонии имрӯз чун дурри гарон ва зиндагиро неъмати бузург аз даргоҳи иллоҳӣ ба бандагонаш тақвият додааст. Дини Ислом шариъати Муҳаммад (с) ба сифати як дини ваҳдонӣ маншаи ифтихори ҷаҳонист. Ва миллати азизи форсизабони ориёнаҷоди тоҷикаёни эронманиш дар ин дини муқаддас ҷойгоҳи хосеро дорад, ки тамоми мусалмонони ҷаҳон ба ин қоиланд. Зеро чӣ дар илми Ислом ва чӣ дар илми дунявӣ асосгузораш форсизабонони тоҷиканд. Ба мисоли Салмону Ҳусайн Воизи Кошифию Табарию Фахри Розӣ дар илми тафсири Қуръон, Бухориву Муслиму Тирмизӣ дар илми ҳадис, Имоми Аъзам, Шофеъӣ, Абуюсуфу Ғазолӣ дар илми фиқҳ, Фарасӣ, Ҷомӣ дар илми сарф, Наҳвӣ, Мотурудиву Таҳовӣ дар илми ақида, Баҳоуддин Нақшбанд, Абдулқодир Гелонӣ дар илми тариқат. Инчунин дар илмҳои дунявӣ Сино дар тибб, Хаёму Ҷобир дар риёзӣ, Закариёи Розӣ дар кимиё, Берунӣ дар илми нуҷум, Форобӣ дар фалсафа ва ҳазорон олимону шоирону нависандагони дигар аз ин миллати мо, ки дар осмон мисли ситора медурахшанду дар замин мисли сутун то ба даври мо чун сарпаноҳ. Ногуфта намонад, ки ҳарчи ёфтанд неъматашон аз давлати Қуръон буд. Ҳамаи инҳо дар хурдӣ ҳофизи Қуръон ва олими дини шариъат гашта ва баъд олими дунявию шоиру нависанда шудаанд.
На танҳо гузаштаи мо мояи ифтихор аст, балки боиси сад ифтихори дигар даврони муосир аст. Зеро он модаре, ки ин бузургони моро ба дунё овард, ҳанӯз зиндаву бо бузургии онҳо миллати сар ба афлоки тоҷик вуҷуд дорад. Ва то ба ҳол ҳар кӯдаки тоҷик муалими пирони дигар миллатанд. Дар байни мусалмонони Русия моро аз рӯйи диндониамон мешиносанду эҳтиром мегузоранд. Пӯшида нест,ки дар тамоми масҷидҳои ин кишвар мушовири имомҳо, муаззину муддарисҳояш ва аз 100% 70 дар сади намозгузорон дар масҷидҳо тоҷиконанд. Ва инҷунин дар ҳар озмуни Қуръон дар ҷойи аввал тоҷиконанд. Теъдоди тоҷикони ҳофизи Қуръон дар ин кишвар аз ҳазор ҳам гузаштааст.
Аммо дар Ватан... касеро ҳарфе аз Қуръон омӯхтан ҷиноят аст
Шаҳрвандони муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар дар ҳар ҷое, ки бошанд, дар байни худ баъди соати корӣ ҳалқаи дарси қуронхониву маснавию гулистону ҳофизхонӣ доранд. Ва на танҳо дар Русия, балки дар Эрон, Арабистон, Туркия ва дар ҳар кишвари дунё, ки ҳастанд чунин фаъолиятҳоро доранд. Аммо афсӯс, сад афсус, ки дар кишвари худ чунин фаъолиятҳоро кардан номумкин мебошад. Касеро ҳарфе аз Қуръон омухтан ҷиноят аст, касеро хатӣ форсӣ, Ҳофизу Бедилу фиқҳи Имоми Аъзам омухтан ҷиноят аст. Рафтани кӯдакон ба масҷид манъ аст. Рӯймол ба сар кардани ҷавондухтарон дар мактабу корхонаҳо манъ аст. Хутбаи озод барои имомҳои масҷиди ҷомеъ манъ аст. Риш гузоштани ҷавонон манъ аст. Омухтану омӯзондани Қуръон, омухтану омӯзондани хату фарҳанги гузаштагони худ, рӯ ба масҷид овардани ҷавонон ё рӯймол бастани занон, ҳиҷоб ба сар кардани духтарон чӣ бадие ба миллату давлат меоварда бошад, намедонам.
Таҷрибаи райиси ҷумҳури Чеченистон...
Агар ҳукумат хавф аз гуруҳҳои террористии ваҳҳобияву салафия дошта бошад, бо ин роҳ пеши инҳоро гирифтан номумкин аст. Дар ин кор бояд аз раиси ҷумҳури Чеченистон ҷаноби Рамазон Қодиров ибрат гирифт. Қодиров барои сарнагун кардани гуруҳҳои ваҳҳобияву салафияи дар кишвараш буда аввало телевизору радиову матбуотро дар ихтиёри муллоҳову донишмандон дод барои мардумро огоҳ кардан дар бораи ин гуруҳҳои хатарнок ва исботи ноҳақ будани он гуруҳҳо. Баъдан, он касоне, ки саркашиву нописандӣ карданд, ба зиндон шинонд. Ва худ дар садову симо ошкоро гуфт, дар кишвари ман набояд як нафаре аз ин гуруҳҳои ваҳҳобиву салафия бошад. Мардуми ин кишвар пайрави суннату ҷамоат ва дар тариқат тасаввуф мебошад. Ва имрӯз кишвари Чеченистон дар ҳайати русҳо ҳам ки бошад, шукри Худо дар ин кишвар масҷидҳояш ҳама обод, ҳалқаи дарсӣ вуҷуд дошта ва худаш раиси ҷумҳур махсус ҳофизони Қуръон аз миёни тоҷиконро ҷамъ оварда, дар масҷиду мадрасаҳои сохтааш мударрис гузошт.
Азон дар ин кишвар бо баландгӯяк озод буда, дар садову симо аз Қуръону суннату тариқат пайваста гуфторҳо пахш мегардад. Занҳо дар кӯчаву корхонаҳо ҳама сатр доранд, хусусан хонадони раиси ҷумҳураш. Аммо афсус, ки мо гарчанд давлати соҳибихтиёр ҳам бошем, наметавонем аз ин сарчашмаи озодӣ баҳрае бардорем. Дар садову симо номе аз Ислому дин нест, ҷуз сиёҳкуниву намоиши фосиқону ҷодугарони дар лиқои муллову ҳоҷӣ даромада, ки ҳеч рабте ба дини поки Ислом надоранд. Яқинан, ҳадаф аз ин намоишҳо мардумро дур кардан аст аз дину фарҳангашон. Зеро агар ҳадаф аз ин намоиши фосиқон барои сиёҳкунии дину муллоҳо намешуд, дар баробари инҳо боз ҷинояту фосиқии ҳукуматдоронро ҳам бояд намоиш медоданд. Ва аз манфиати дину манфиъати уламо ҳам ҳамарӯза дар садову симо мегуфтанду намоиш медоданд. Аз таърихи уламои бузург ва инчунин аз китобҳояшон ба мисоли Маснавӣ, Бустон, Гулистон, ғазалиёти Ҳофизу Бедилу Хайём мегуфтанд, на танҳо рақсу бозии занҳои нимбараҳнаро нишон медоданд.
Ҳар миллате, ки санъатро аз маърифат боло донист, ҳеч гоҳ обрӯманд намегардад
Бояд дониста бошем, ҳар миллате, ки санъатро аз маърифат боло донист ҳеч гоҳ обруманд намегардад. Агар мо имрӯз хоҳем гуруҳхои ваҳҳобиву салафиро аз Тоҷикистон дур кунем, аввал бояд ҳар ҳукуматдор аз хонадону авлоди худаш сар кунад, зеро пушида нест, ки баъзе хешу табори кормандони давлат салафиянд. Инчунин аксари хатибону фарзандони онҳо, ки дар кишварҳои арабнишин таҳсил кардаанд. Хулоса, то замоне худи масъулони дину давлат худ ва авлоди худро ислоҳ накунанд, дар хар мавзӯе бошад, ҷомеъа аз зулму ситаму хориву зориву дарбадариву ихтилоф раҳо намешавад.
Дар интиҳои андешаҳои хеш нигоҳамро ба сардори давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон равона мекунам, ки эшон бо вуҷуди дастгириҳояш ва нигоҳҳои созандааш нисбати дини мубини Ислом, ки худ мусалмонзодааст, дар атрофаш соҳибмансабонеро рӯи кор овардааст, ки баъзеашон ба боварии сардори давлат даромада, сиёсати ӯро миёни халқ ба дарёи нобоварӣ равона мекунанд. Аминам, ин навиштаҳои ман то муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намерасад, лек қоилам ба он ки ба мафкураи баъзе “соҳибмуҳтарам”-он мерасад. Ва то куҷо сари ин гуфтаҳо андеша мекунанд, Яздон медонад”.
Мулло Хайриддин Абдуллоҳ, роҳбари Кумитаи дин дар назди Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |