Ҳизби аграрӣ анҷумани пеш аз интихоботияшро баъди ду моҳ баргузор мекунад
Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) санаи баргузории анҷмуани пеш аз интихоботии худро муайян кард.
Тавре аз дафтари ҲАТ хабар додаанд, Анҷумани 6-уми ҳизб рӯзи 18 декабр баргузор хоҳад шуд. Ин тасмим дар пайи ҷаласаи охири Раёсати ҲАТ дар қароргоҳи марказиаш дар шаҳри Душанбе гирифта шудааст.
Манбаъ мегӯяд, дар анҷумани пеш аз интихоботии ҲАТ, масъалаи интихоби раиси ин ҳизб, тағйиру иловаҳо ба ҳайати Кумитаи марказӣ, интихоби номзадҳову пешбарии онҳо ба рӯйхати ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва барномаи интихоботии ҳизб баррасӣ хоҳанд шуд.
Дафтари ҲАТ дар шарҳи ин хабар навишааст, дар ҷаласаи мазкур аъзои Кумитаи марказии он хостори иштироки фаъоли ҳизб дар интихоботи парлумонии соли 2015-и Тоҷикистон ва ҷойи бештар ёфтан дар маҷлиси намояндагон шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |