Бахшҳо

Гирдиҳамоии ҳудуди 3 миллион мусалмон дар Арафот

Наздик ба 3 миллион зоири Хонаи Худо имрӯз, 3 октябр барои адои муҳимтарин ойини Ҳаҷ дар дашти Арафот гирди ҳам меоянд.

Ин дашт дар ҳудуди 20 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ ҷойгир буда, бар асоси сарчашмаҳои фиқҳӣ маҳалли нахустин дидори Одаму Ҳаво – бобову момои ҳама инсонҳо баъд аз ронда шудан аз биҳишт ва макони ироаи охирин паёми пайғомбари Ислом Муҳаммад (с) мебошад.

Хутбаи Ҳаҷҷу лабайк, дуо ва намозҳои пешину аср дар Арафот хонда мешаванду зоирин баъд аз ғуруби офтоб ба маҳалли маъруф ба Муздалифа, ки миёни Арафот ва Мино ҷойгир аст, боз мегарданд. Тибқи аҳодиси набавӣ ҳузур доштани зоир дар ҳудуди дашти Арафот рӯзи 9-уми моҳи Зулҳиҷҷа шарти асосии Ҳаҷ мебошад, ки уламо тарки онро ботилкунандаи Ҳаҷ хондаанд.

Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно дар даҳаи аввали моҳи Зулҳиҷҷа фарз мебошад. Ҳамасола аз гӯшаву канори олам ҳудуди се миллион нафар барои зиёрати Хонаи Худо озими Маккаи мукаррама мешаванд. Ба иттилои Кумитаи дини Тоҷикистон, имсол беш аз 6 ҳазор сокини кишвар барои адои Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар кардаааст.

Иштироки ҳар сокини Тоҷикистон дар маросими Ҳаҷ-2014 бар ивази 18 ҳазору 164 сомонӣ имконпазир шуд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ба ин маблағ хизматрасониҳо пули чипта ё билети ҳавопаймо (рафту бозгашт), маблағи авоид, иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Маккаву Мадина, се бор ғизо дар як рӯз, хидмати роҳбаладон, кумаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ зидди касалиҳои сирояткунанда, ҷузвдон, либос ва ғайра дохил аст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Човидон
Озодагон ё нафароне, ки хач кардаанд лутфан мегуфтед, ки ба кухи Арафот зоирон кай мебароянд? рузи 4 - ум ё имруз? Дар Муздалифа чанд руз ё соат меистанд? баъд кучохоро (то омадан) бояд зиёрат кунанд? баъди иди Курбон такрибан чанд руз дар хач боз карор мегиранд? Касе медонад, хохиш мекунам чавоб нависад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)