АКС: Узрхоҳии наздикони прокурор аз хонаводаи кӯчарӯб ва насиҳатҳои мулло
Наздикони Фирӯз Холиқзода, корманди прокуратура, ки дар пахши маргбори Зеварбону Пирова, роҳруби 53-солаи тоҷик муттаҳам мешавад, аз хонаводаи марҳум узрхоҳӣ намуда, кӯмаки моддӣ пешниҳод кардаанд.
Дар ин бора ба “Озодагон” Маҳмадризо, бародари шавҳари Зеварбону Пирова хабар дода, афзуд, ки “аз ҷумла модар ва холаи Холиқзода омада, дархост карданд, ки аз гуноҳаш гузарем.” Ба иттилои манбаъ наздикони Холиқзодаро ҳамчунин як руҳонӣ ҳамроҳӣ мекардааст, ки ба бахшиш даъват менамуд: “Ӯ гуфт, агар Шумо дар ин дунё набахшед, Худо ӯро дар он дунё ҳам намебахшад ва агар бубахшед дар он дунё Худо низ мебахшад”.
Наздикони Зеварбону Пирова пешниҳоди кӯмаки хонаводаи Холиқзодаро рад намуда, посух доданд, дар ин қазия ҷонибдори волоияти қонун мебошанд: ”Мо ҷавоб додем, ки ҳамааш бигузор тибқи қонун шавад ва муттаҳам дар марги Зеварбону тибқи амали кардааш ҷазо гирад.”
Ҳодисаи пахши Зеварбону Пироваи 53-сола, ки ба ҳайси кӯчаруб фаъолият дошт, субҳи 28 сентябр ҳангоми тамиз кардани роҳи назди меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” дар хиёбони Исмоили Сомонӣ рух дод. Ҳамкорони Зеварбону, ки шоҳиди ҳодиса будаанд, дар суҳбат бо "Озодагон" гуфтанд, қазия соати 4:30 дақиқа рух дод: Мошин баъди он ки Зеварро пахш кард, ҳатто суръатро паст накарда ҳамчунон ба роҳаш идома дод. Вақте ду ҳамкори дигарамон ин ҳодисаро диданд, аз тарс аз ҳуш рафтанд. Онҳоро ба Қарияи Боло бурданд” гуфтанд тамизкорон. Наздикони Зеварбону ба “Озодагон” гуфтанд, суръати мошин ба ҳадде баланд будааст, ки ҷасади марҳумро ба қисмҳо ҷудо кардааст.
Дар ҳамин ҳол додситонии Душанбе иттилоъ дод, ки муттаҳам дар ин ҳодиса Фирӯз Холиқзода, ёвари 31-солаи додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ феълан дар боздошт қарор дорад. Мақомот бо вуҷуди ифшои ному синни муттаҳам аксҳои ӯро пешниҳод накардаанд.
Аммо дар шабакаи иҷтимоии “Однокласники” ба номи Фирӯз Холиқзода нафаре сабт шуда, ки дар маълумотномаи ӯ синнаш 31 нишон дода шуда, корманди додситонӣ муаррифӣ шудааст:
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |