Президент устодашро ба ҳаҷ фиристод: Шумо барои муаллиматон чӣ кардед?
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба хотири қадрдонии меҳнатҳои омӯзгор, дар маъракаи Ҳаҷ-2014 роҳбари синфаш Куган Изутуллоевро ба зиёрати Хонаи Худо фиристодааст. “Озодагон” дар арафаи Рӯзи муаллимон, ки шанбеи аввали моҳи октябр таҷлил мегардад, аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон суол кард, ки барои қадрдонии муаллиматон то имрӯз чӣ кор кардаед?
Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшинос
Замони хонандаи мактаб ва донишҷӯ буданам барои муаллимони худ бисёр корҳои хайр ва туҳфа кардам. Аммо, туҳфаи ман таҳсили хуб, ахлоқи намунавӣ, иштирок дар корҳом ҷамъиятӣ, гирифтани ҷойи аввал дар мусобиқаҳо, эҳтироми волидайн ва муаллимон буд. Бинобар ин муаллимон бо ман ифтихор мекарданд. Дар он замон туҳфаҳои моддӣ ҳамчун таҳқир дониста мешуданд. Давлати дигар буд, системаи маориф дигар буд, ки дар он ба ғайр аз дониш чизи дигаре қадр надошт.
Шаҳноз Комилзода, раҳбари бахши равобит бо ҷомеаи ширкати “Мегафон Тоҷикистон”
Албатта, меҳнати муаллимон бояд қадр шавад. Воқеан, кори онҳо хеле душвор аст, заҳмати зиёдро талаб мекунад. Ман аз муаллимони худ Гулбаҳор Шарипова ва Ирина Анатолева хеле миннатдор ҳастам, ки дар мактаби 21-уми Душанбе кор мекунанд. Соли гузашта бо писарам аз коғазҳои ранга гул сохтем ва дар ҳар барги он сифатҳои беҳтарини муаллимонро навиштем ва пеш аз омадани муаллима онҳоро дар мизу тахтаи синф часпонидем. Ғайр аз ин ҳамроҳи бачаҳо синфхонаро бо пуфакҳо оро додем ва гулу ширинӣ овардем. Вақте ӯ вориди синфхона шуд ҳама ба якбор гуфтанд: “Рузи таваллудат муборак!” ва ӯро ба оғӯш гирифтанд. Муаллима аз ин бениҳоят хушнуд шуд ва ашк рехт. Имсол ҳам як сюрприз кардем ва умед дорам хушаш омад.
Қаҳрамон Бақозода, раҳбари маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало”
Муаллими аввалини худро дар ёд дорам. То синфи 3-юм ба мо дарс дод ва ба Исроил рафт. Аз ин лиҳоз мо натавонистем чизи арзишмандро ба ӯ туҳфа кунем. Вале, Худоро шукр, ҳамаи ҳамсинфон муаллими дигарро, ки аз синфи 4 то 10 раҳбари синфи мо буду то ҳол дар қайди ҳаёт аст, қадрдонӣ мекунанд. Барои мисол, баҳори имсол ба қиммати 900 доллар барои ӯ дастгоҳи шунавоӣ харидем. Вале ҳар коре, ки ба хотири муаллимон анҷом медиҳем, боз ҳам ҷуброн кардан меҳнати вазнини онҳо хеле душвор ҳаст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |