Озодаи Раҳмон аз иҷораи 1 гектар замин бо нархи 1 сомонӣ хабар дод
Парлумони Тоҷикистон бо тасвиби як созишнома иҷоза додааст, ки 1 гектар замин дар Душанбе барои 49 сол ба Қазоқистон иҷора дода шавад.
Озодаи Раҳмон, муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон зимни муаррифии ин созишнома дар назди намояндагони мардумӣ гуфт, ин майдони замин барои бунёди сафорати Қазоқистон пешбинӣ шуда, бо нархи рамзии 1 сомонӣ дар як сол ба иҷора дода мешавад.
Муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон афзуд, ки бар иваз Қазоқистон низ уҳдадор шудааст, ки дар шаҳри Остона барои бунёди сафорати Тоҷикистон як гектар замин ҷудо намояд. Ба иттилои манбаъ Қазоқистон низ заминашро ба Тоҷикистон бо нархи рамзии як тенге барои 49 сол иҷора медиҳад.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |