Мақоми давлатии забони тоҷикӣ дар Узбакистон. Танҳо баъди Ислом Каримов?
Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО
Пулод Охунов, вакили пешини Шӯрои СССР дар нишасти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Варшаваи Лаҳистон пешниҳод кардааст, дар Узбакистон ба забони тоҷикӣ мақоми расмӣ дода шавад.
Ин пешниҳоди сиёсатмадори узбак дар ҳоле садо медиҳад, ки соҳибназарон солҳост аз вазъи нигаронкунандаи забони тоҷикӣ дар Узбакистон мегӯянд. Сиёсати имрӯзи ҳукумати Узбакистон бар пояи “тоҷикситез”-ӣ устувор аст ва рӯз аз рӯз забони тоҷикӣ дар ин кишвар маҳдуд мешавад. Коршиносон бо таваҷҷӯҳ ба ин омилҳо бовар надоранд, ки ҳукумати Узбакистон ба ин содагӣ пешниҳоди мақоми давлатӣ додани забони тоҷикиро бипазирад. Аз сӯйи дигар ин коршиносон муътақиданд, мақоми расмӣ касб кардани забони тоҷикӣ дар он кишвар бар суди худи узбакҳо хоҳад буд.
Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири райиси ҷумҳури Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ба миён гузоштани чунин пешниҳод аз ҷониби донишманди узбак зарурати мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар Узбакистонро таъйид мекунад. Ба бовари ин коршинос ба сифати забони расмӣ эътироф шудани забони тоҷикӣ метавонад ба қисме аз мушкилоти иҷтимоии он давлат хотима гузорад. Аммо ба гуфтаи ӯ, мақомоти Узбакистон ба ин содагӣ чунин пешниҳодеро қабул нахоҳанд кард: “Тасавввур кардан душвор аст, ки ин пешниҳод дар Узбакистон амалӣ мешавад. Ман гумон мекунам, ҳукумати Узбакистон қудрати онро дорад, ки рӯйи ин масъала андеша кунад, аз ҷумла раҳбараш Ислом Каримов”.
Бархе соҳибназарон бар ин боваранд, агарчи узбакҳо нажодан турк шумурда мешаванд, аммо фарҳангашон комилан тоҷикӣ-эронӣ мебошад. Бо такя ба ин омил онҳо меафзоянд, мақоми давлатӣ касб кардани забони тоҷикӣ дар ин минтақа метавонад бар суди худи узбакҳо бошад. Абдуқодири Рустам, нависанда ва пажӯҳишгари маъруфи тоҷик, таъкид мекунад, “аз замони ташкили ҷумҳурии Узбакистон сиёсати давлатмардони Узбакистон сиёсати зиддитоҷикӣ буд. Тамоми корашон дар зарфи 70 сол ин будааст, ки забони тоҷикиро дар Узбакистон маҳдуд кунанд”.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, дар замони фурӯпошии Шӯравӣ тоҷикони Узбакистон натавонистанд ба дарёфти мақоми расмӣ барои забони тоҷикӣ даст ёбанд. Аз ин рӯ дар шароити имрӯз давлатмардони узбак, ки мухолифати шадид ба забони тоҷикӣ нишон медиҳанд, пешниҳоди олими худро намепазиранд. Абдуғанӣ Маҳмадазимов, сиёсатшиноси тоҷик ҳам гуфт, дар солҳои наздик амалӣ чунин пешниҳод аз воқеият дур аст: “Дар вазъияти кунунӣ ман ба амалӣ шудани ин пешниҳод бовар надорам”.
Бо ин вуҷуд, коршиносон таъкид мекунанд, дар сурати суқути режими Ислом Каримов ва рӯйи кор омадани низоми нисбатан озод, тоҷикон аз ҳуввияти худ дифоъ хоҳанд кард. Масъалаи мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, ки ҳоло ба гунае мисли сароб ба назар мерасад, фардо амалан дар хоки Узбакистон бидуни ҳеч тарсу ҳарос матраҳ хоҳад шуд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |