ВИДЕО: 11 ҳазор тамошобини фиғони Шабнам дар лаби баҳр

Шабнами Сурайё, хонандаи маъруфи попи тоҷик видеои дар пайи бархурди мавҷҳо фиғон кашиданашро ба Фейсбук кашидааст.
Ин видео пештар дар торнамои дигар, аз ҷумла “Топвидео” мунташир гардид ва ҳоло теъдоди бинандаҳояш дар ин сомона марзи 11160-ро убур кардааст.
Шабнами Сурайё дар Фейсбукаш дар шарҳи ин навор бо инглисӣ навишта, “мавҷҳо маро дар оғуш гирифтанд. Ҳаво хеле сард буд”.
Навори мазкурро зоҳиран замони сабти клипи “Танҳоӣ”, ки ширкати “Daf Entertainment” таҳия кардааст, бардоштаанд. Бештари клипҳои Шабнам ва чанд клипи ахири Фарзонаи Хуршед аз ҷониби ин ширкат сохта шудааст, ки гуфта мешавад, аслан барои бозори шоу бизнеси Афғонистон мавод таҳия мекунад.
Шабнам яке аз чеҳраҳои аслии санъати поп дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ӯ духтари Сурайё Қосимова ва апаи Фарзонаи Хуршед аст. Шабнаму Фарзона ва апааш Бибирӯзигулу духтараш Шарифамоҳ охирҳои моҳи август ба зиёрати Хонаи Худо рафтанд. Дар интернет аксҳои зиёди онҳо нашр шуд, ки сатри исломӣ доранд. Баъди бозгашт ҳунарнамоии Шабнамро касе надидааст, аммо гуфта мешавад, Фарзона дар як маросими арусӣ бо русарӣ сурудхонӣ кардааст. видео аз саҳифаи Фейсбуки Шабнам гирифта шудааст
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |