Баҳои баланди тоҷикони бумии Покистон ба Эмомалӣ Раҳмон
Шералӣ Ҷононов, сафири Тоҷикистон дар Покистон бо ҳайати тоҷикони бумии ин кишвар дар шаҳри Исломобод мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар, ин мулоқот таҳти раҳбарии Соҳибзода Афзал Тоҷик сурат гирифта, дар он масоили марбут ба рушди равобити тоҷикони Покистон бо мақсади фароҳам овардани фазои ягонаи фарҳангӣ, илмӣ ва забонӣ баррасӣ шудаанд.
Тоҷикони бумии Покистон дар идома ба фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба унвони раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон-“Пайванд” баҳои баланд додаанд.
Дар Покистон ҷамъияте бо номи “Тоҷик Қавми Иттиҳод Парти Покистон” фаъолият дорад, ки аз сӯи тоҷикони бумии ин кишвар таъсис ёфта, ҳадафи он ҳимояи ҳуқуқҳои аққалиятҳои тоҷикон, нигаҳ доштани ҳуввияти миллии тоҷикон дар ин минтақа, ташвиқи фарҳанг, забон ва мероси хаттии гузаштагони ниёгон ва инъикоси ҳаёти имрӯзаи тоҷикони Покистон мебошад. “Бо ин мақсад дар тӯли 24 сол дар Покистон ҳафтаномаи бо номи “Тоҷик” нашр мешавад, ки дар он маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба фаъолияти тоҷикони Покистон инъикос мегарданд”,-хабар медиҳад манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |