Депутати узбак: Ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад
Пулод Охунов, вакили пешини Шӯрои олии СССР зимни суханронӣ дар нишасти Варшава пешниҳод кардааст, ба забони тоҷикӣ дар Узбакистон мақоми давлатӣ дода шавад.
Ӯ дар ҳамоиши Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар мавриди “Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Узбакистон” суҳбат карда, изҳор доштааст, сиёсати забонӣ метавонад Узбакистонро дар ростои расидан ба озодӣ ва баробарҳуқуқӣ кумак кунад. “Ҳамаи мо медонем, ки забон дар ҷомеа чӣ нақши бузург дорад. Сиёсати забонии одилонаи кишвар ба якпорчагии ҷомеа мусоидат мекунад, дар сурати ғайр роҳро ба кашмакашҳои пинҳон ҳамвор мекунад. Риояи ҳуқуқи инсон талаб мекунад, ки ҳамаи гуруҳҳои қавмӣ аз забони худ истифода кунанд”,-афзудааст раҳбари Анҷумани Осиёи Марказӣ (Association Central Asia).
Дар идома ҷаноби Охунов гуфтааст, “фурсат хеле муносиб аст, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат кунам, ки имконияти додани мақоми давлатӣ ба забони тоҷикӣ дар Узбакистонро баррасӣ кунанд. Гӯяндагони забони тоҷикӣ мардуми бумии Узбакистони муосир ба шумор мераванд ва дар тӯли ҳазорсолаҳо дар шакл додани тамаддуни мо нақши бориз доштаанд”.
Пулод Охунов дар гузориши худ аз сиёсати Сталин ёдоварӣ кардааст, ки ба гуфтаи ӯ, “мардум ба таври маснӯӣ ба қавмҳо ҷудо шуданд”. “Ман ба ҳайси як узбак ва шаҳрванди Узбакистон мегӯям, ки узбакҳо ва Узбакистон бе забон ва фарҳанги тоҷикӣ мисоли исфанҷе ҳастанд, ки обаш ҷафида шудааст”,-таъкид доштааст ӯ. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |