Душанбе, 31 Марта 2025
ВИДЕО: Мавлуди Мавзуна, карераи Пеле, Рӯзи солмандон, Фабрикаи мебелсозии Ленинобод...

1 октябр 274-умин рӯзи сол ва аввалин рӯзи моҳи дуюми тирамоҳ аст. То поёни сол 91 рӯз монда.
1 октябри соли 1992 Мавзуна Чориева, варзишгари номовари тоҷик ба дунё омадааст. Ӯ дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи-2012 оид ба бокс дар Лондон аст.
Мавзуна тайи бист соли мустақилияти Тоҷикистон танҳо зане дар кишвар аст, ки нишони олимпиро ба гардан овехт. Ба дунболи пирӯзии ӯ дар
олимпиадаи Лондон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ӯро бо ордени “Шараф” сарфароз гардонд.
Дар моҳи октябри соли 2012, дар шаҳри Кӯлоб бо Амон издивоҷ кард ва ҳоло соҳиби як духтаранд, ки Осия ном дорад. Номи Мавзуна чанд рӯз пештар дубора ба сархати хабарҳои варзишии ҷаҳон баромад. Дар нахустин дидораш дар Бозиҳои XVII-уми Осиё (Кореяи Ҷанубӣ) Аяко Минова, намояндаи Ҷопонро дар сонияи 56-ум ба нокаут фиристод, аммо дар қувваозмоии баъдӣ шикаст хурд.
*Юсуфҷон Акобиров (1937-2011) – Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ;
*Акбар Турсунов (Набипур) (1939) – доктори илми фалсафа, профессор, узви вобастаи АФ Тоҷикистон;
*Салимахон Ваҳҳобзода, журналист (1951);
*Озод Аминзода (1933-2009) – шоира, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон;
*Тоҳирҷон Баҳромов (1952 – 2001) – коргардони театр ва ТВ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон;
*Александр Бернштам (1910-1956)- доктори илми таърих;
*Низомиддин Валиев (1949) – меъмор;
*Николай Детсик (1922) – коргардони театр;
*Ҳабибулло Ибодов (1949) – доктори илми тиб, профессор;
*Дилмурод Каримов (1947) – меъмор;
*Олимҷон Маҳмудҷонов (1961)- доктори илми педагогӣ, профессор;
*Маҷид Салим (1959) – нависанда;
*Мелик-Саядян Сероп (1926)- кинооператор;
*Мисбоҳиддини Нарзиқул (1970)- доктори илми филологӣ;
*Набиҷон Почоҷонов (1910 – 1988) – мутарҷим;
*Бекмурод Сиёев (1932 – 2004) – доктори илми филологӣ;
*Рина Талман (1903-1991)- Китобдори шоистаи Тоҷикистон;
*Умриддини Нӯшӣ (1974) – шоир;
*Зиёдулло Ҳасанов (1949) – меъмор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон;
*Қурбон Ҳамидов (1949 – 1996) – актёри театр, *Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
*Эргашалӣ Шодиев (1932 – 2005) – доктори илми филологӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон;
# Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ (аз соли 1975);
# Рӯзи ҷаҳонии солмандон (аз соли 1991);
Рӯзи ҷаҳонии солмандон бо ташаббуси СММ аз соли 1991 таҷлил мешавад. Маҷмааи умимии СММ аз ҳамаи созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дархост кардааст ба Бунёди марбут ба масъалаи “пиршавӣ” кумак намоянд. 1 октябрро дар кишварҳои мухталиф бо баргузории ҷашнвораҳо, ки аз сӯйи анҷуману кунгураҳои дифоъ аз ҳуқуқ роҳандозӣ мешавад, ҷашн мегиранд. Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии солмандон дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана надаромадааст. Хабарнигори “Озодагон” дар кӯчаҳои Душанбе бо нафарони сину соли бузургтар суҳбат кард, ки наворашро инҷо бубинед.
# Рӯзи кормандони додситонӣ дар Озарбойҷон;
# Рӯзи иттиҳод дар Камерун;
# Рӯзи истиқлол дар Нигерия;
# Рӯзи муаллимон дар Узбакистон;
# Рӯзи таъсисёбии Ҷумҳурии мардумии Чин
= Фабрикаи мебелсозии Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) ба фаъолият оғоз кард (1960);
= Телевизиони марказии СССР пахши барномаҳои рангаро оғоз кард (1967);
= Пеле футболи “калон”-ро тарк кард. Ин футболбози маъруф дар 1363 бозӣ 1281 гол задааст (1977);
= Тими миллии СССР мунтахаби Бразилияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, қаҳрамони олимпӣ шуд (1988);
= Дар СССР қонун “Дар бораи озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ” қабул шуд (1990);
= Шӯрои амнияти СММ таҳримҳо алайҳи Югославияро бекор кард (1996);
^Шаҳри Душанбе – Тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти Шарқ 2-7 м/с. Ҳарорат: шабона 10-12, рӯзона 30-32;
^ Навоҳии тобеи марказ: – Тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти Шарқ 2-7м/с. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9-14, рӯзона 28-33, дар баландкуҳҳо шабона 6-11, рӯзона 21-26;
^ Шаҳри Қӯрғонтеппа – Тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти Шарқ 2-7 м/с. Ҳарорат: шабона 16-18, рӯзона 31-33;
^ Шаҳри Кӯлоб - Тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти Шарқ 2-7 м/с. Ҳарорат: шабона 16-18, рӯзона 31-33;
Вилояти Хатлон – Тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ 2-7 м/с. ТҲарорат: дар водиҳо шабона 14-19, рӯзона 29-34, доманакуҳҳо шабона 9-14, рӯзона 24-29;
^ Шаҳри Хуҷанд – Тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти Шарқ 3-8 м/с. Ҳарорат: шабона 15-17, рӯзона 26-28;
Вилояти Суғд – Тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти Шарқ 4-9 м/с. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 12-17, рӯзона 24-29, дар куҳҳо шабона 4-9, рӯзона 17-22;
^ Шаҳри Хоруғ – Тағйирёбандаи бебориш. Шамол 2-7м/с. Ҳарорат: шабона 4-6, рӯзона 20-22;
^ Шаҳри Мурғоб – Тағйирёбандаи бебориш. Шамол 2-7м/с. Ҳарорат: шабона 1-3 хунук, рӯзона 14-16 гарм;
ВМКБ – Тағйирёбандаи бебориш, 4/10 борони кӯтоҳмуддат (дар баландии беш аз 3000 метр барф). Шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с. Ҳарорат: дар ҒВМКБ шабона 5-10, рӯзона 21-26, дар ШВМКБ шабона 0-5 хунук, рӯзона 12-17 гарм.Маълумот аз торнамои meteo.tj Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |