Алишер Тухтаев сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таъин шуд
Алишер Тухтаев, сармураббии бошгоҳи “Энергетик”-и Душанбе тренери тими миллии ҷавонони Тоҷикистон (U-22) таъин шудааст.
Дар ин симмат ӯ, Маҳмадҷон Ҳабибуллоевро иваз кард, ки ҳанӯз оғози соли равон барои иштироки нокоми мунтахаби ҷавонони кишвар дар Ҷоми Иттиҳод-2014 дар Санкт-Петербург аз вазифа сабукдӯш гардида буд.
Ба ситоди тренерии Тухтаев сармураббии “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода Алишер Ҳақбердиев ва тренери дарвозабонҳои тими миллӣ Амоншо Содатсайров шомил шудаанд.
Тими миллии ҷавонон зери раҳбарии сармураббии нав ба сабқати интихобии чемпионати Осиё-2016 омода мешавад. Ин мусобиқа аз 23 то 31 марти соли 2015 баргузор мешавад.
Алишер Тухтаев 24 августи соли 1976 таваллуд шудааст. Ӯ дар дастаҳое ба монанди “Ситора”, “Динамо” (Душанбе), “Хуҷа Каримов” (Хуросон), “Насаф” (Қарши), “Жетису” (Қазоқистон), “Ханг Хонг Вет Нам” (Ветнам), БДА (Душанбе), “Данғара” (Данғара), “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) ва “Энергетик” (Душанбе) бозӣ кардааст. Дар ҳайати тими миллӣ дар беш аз 30 бозӣ ба майдон баромадааст. Иҷозатномаи тренерии категорияи “А”-и АФК-ро дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |